Нахустин размоиши муштарак байни Тоҷикистону Узбекистон ва Русия

Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия дар нахустин размоиши муштарак бо ҳадафи ҳифзи марзи Тоҷикистон ширкат карданд.

Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия дар нахустин размоиши муштарак бо ҳадафи ҳифзи марзи Тоҷикистон ширкат карданд.

Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Узебкистон ва Русия бо ҳадафи ҳифзи марзи Тоҷикистон Афғонистон аз аввали то 10 августи соли равон дар минтақаи “Ҳарби майдон”, вилояти “Хатлон” размоиши муштарак баргузор мекунанд.

Ҳадаф аз ин размоиш анҷоми иқдомоти муштарак ва ҳамоҳанги кишварҳои ёдшуда дар ҷиҳати ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар сурати дастдарозии гурӯҳҳои террористӣ ба хоки тоҷикистон дониста шудааст.

Дар ин размоиш, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шакл хоҳад гирифт, неруҳои ҳавоӣ, неруҳои падофанди ҳавоӣ, худравҳои зиреҳӣ ва неруҳои вижаи се кишвари ёдшуда ширкат хоҳанд кард.

Ин нахустин размоиши муштарак ва албатта густардаи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия мебошад.

Дар пасманзари хуруҷи неруҳои низомии Амрико ва НАТО, гурӯҳи Толибон мавқеиятро муносиб дида ва фурсат ёфтаанд, ки нуфузи худро дар ин кишвар афзоиши бидиҳанд, то ҷое, ки бар асоси иддаои худашон бахши зиёде аз Афғонистонро (беш аз 90%) дар тасарруфи худ даровардаанд. Аз як сӯ адами тавофуқи ҳукумати Афғонистон бо Толибон барои оташбас ва аз тарафи дигар нуфузи рӯзафзуни Толибон сабаб шудааст, ки Тоҷикистон хатари Толибонро бехи гӯши худ эҳос кунад.

Бо вуҷуди инки ҳукумати Тоҷикистон дар аксари расонаҳои худ сухани ба газоф зада ва иддао кардааст, ки “Толибони Афғонистон душман нестанд, душмани аслии наҳзатиҳоянд”, аммо ин иддаои газоф онҷо маълум мешавад, ки ҳар рӯз ройзаниҳои сиёсии мақомоти кишвар дар расонаҳо нашр мешавад ва ҳатто шахси Раҳмон ҳам ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва ниҳодҳову созмонҳои байналмилалӣ ҳам изҳори нигаронӣ кардааст ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳам аз вазъияти марзи Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст. Русия ҳам ба хотири манофие, ки дар Тоҷикистон дорад, ба таври расмӣ эълон кардааст, ки бо ҳаргуна танишҳо марзи бо қотеият бархурд мекунад. Ройзаниҳои сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ ва дохилӣ ҳоло ҳам идома дорад, то хатарҳои ин осеб коҳиш ёбад

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад