Паёми Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон хитоб ба мусулмонони ҷаҳон ба муносибати айёми Ҳаҷ

Саид Алӣ Хоманаӣ дар паёме ба муносибати айёми Ҳаҷ, истимрори ҳасрати дилҳои муштоқ аз ҳузур дар зиёфати Байтуллоҳро имтиҳоне гузаро хонданд ва бо таъкид бар лузуми камранг нашудани паёмҳои ҳаҷ, муқовимат дар баробари қудратҳои мутаҷовиз, бавижа Амрикоро, аз ҷумлаи ин паёмадҳои мутаолӣ донистанд.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ишора ба мушкилот ва ногувориҳои дунёи ислом, сарбарафроштани унсурҳои муқовимат ва бедории бахусус дар Фаластин, Яман ва Ироқро аз воқеиятҳои умедофарини минтақа хонданд ва таъкид карданд: Ваъдаи содиқи илоҳӣ, нусрати муҷоҳидон аст ва нахустин асари ин муҷоҳидат, боздоштани Амрико ва дигари зӯргӯён аз дахолату шарорат дар кишварҳои исломӣ аст.

Матни паёми Раҳбари ҶИЭ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Вал ҳамду лиллоҳи раббил-оламин ва саллаллоҳу ало Муҳаммадин ва Олиҳит-тоҳирин ва саҳбиҳил-мунтаҷабин ва ман табиаҳум бииҳсонин ило явмид-дин.

Бародарону хоҳарони мусулмон дар саросари ҷаҳон!

Имсол низ уммати исломӣ аз неъмати азими ҳаҷ маҳруми монданд ва дилҳои муштоқ, бо оҳу афсӯс, зиёфат дар хонаи муҳтарамеро, ки худои ҳакиму раҳим барои мардум бино ниҳодааст, аз даст доданд.

Ин дувумин солест, ки мавсими шодмонӣ ва баҳҷати маънавии ҳаҷ, ба мавсими фироқу ҳасрат табдил мешавад ва балои бемории ҳамагир ва шояд низ балои сиёсатҳои ҳоким бар ҳарами шариф, чашми муштоқи мӯъминонро аз мушоҳидаи намоди ваҳдату азамат ва маънавияти уммати исломӣ маҳрум месозад ва ин қуллае пуршукӯҳу сарафрозро бо абр ва ғубор мепӯшонад.

Ин имтиҳоне ҳамчун дигар имтиҳонҳои гузарои торихи уммати исломист, ки метавонад фардои тобнок дар пай дошта бошад; муҳим он аст ки ҳаҷ дар шаклҳои ҳақиқиаш дар дилу ҷони оҳоди мусулмонон зинда бимонад ва акнун, ки колбади маносикии он муваққатан ҳузур надорад, паёми мутаъолии он камранг нашавад.

Ҳаҷ, ибодате пуррамзу роз аст. Сохту таркиби зебои ҳаракат ва сукун дар он, созандаи ҳувияти фарди мусулмон ва ҷомеаи мусулмон ва намоишдиҳандаи зебоиҳои он дар чашми ҷаҳонён аст. Аз сӯе дилҳои оҳоди бандагонро бо зикру хушӯъ ва тазаррӯъ, уруҷи маънавӣ мебахшад ва ба Худо наздик мекунад ва аз сӯе бо пӯшиш ва пӯиши яксон ва ҳаракоти ҳамоҳанг бародаронро, ки аз чаҳор гӯшаи ҷаҳон гирд омадаанд ба якдигар пайванд медиҳад ва аз сӯе бартарин намоди уммати исломиро бо ҳамаи маносики пурмаънӣ ва розолудаш дар баробари чашми ҷаҳонён мегузораду азму азамати умматро ба рухи бадхоҳон мекашад.

Имсол, ҳаҷи Байти муаззам дар дастрас нест, вале тавваҷӯҳ ба раббулбайт ва зикру хушӯъ ва тазаррӯъу истиғфор дар дастрас аст; ҳузур дар Арафот муяссар нест, аммо дуъо ва муноҷоти маърифатафзо дар рӯзи арафа муяссар аст; Рамйи шайтон дар Мино мумкин нест, аммо дафъу тарди шаётини қудратталаб дар ҳама ҷо мумкин аст; ҳузури якпорчаии баданҳо дар гирди Каъба фароҳам нест, аммо ҳузури якпорчаии дилҳо бар гирди оёти равшани Қуръони Карим ва эътисом ба Ҳаблуллоҳ вазифаи ҳамешагист.

Мо пайравони Ислом, ки имрӯз аз ҷамъияти азим, сарзамини густарда, сарватҳои табии бешумор ва миллатҳои зинда ва бедор бархӯрдорем бояд бо доштаҳо ва мумкинҳои худ ояндаро рақам бизанем. Миллатҳои мусулмон дар 150 соли ахир нақше дар сарнавишти кишварҳо ва давлатҳои худ надошта ва ба ҷузи истисноҳои маъдуд, яксара бо сиёсати давлатҳои мутаҷовизи ғарбӣ мудирият шуда ва дастхуши тамаъварзӣ ва дахолату шарорати онҳо будаанд. Ақабмондагии илмӣ ва вобастагии сиёсии имрӯзи бисёре аз кишварҳо маҳсули он инфиъол ва бекифоятист. Миллатҳои мо, ҷавонони мо, донишмандони мо, уламои динӣ ва равшанфикрони мадании мо, сиёсатварзон ва аҳзобу ҷамъиятҳои мо имрӯз бояд он гузаштаи беифтихору шармоварро ҷуброн кунанд; бояд боистанд ва дар баробари зӯргӯӣ ва дахолату шарорати қудратҳои ғарбӣ «муқовимат » кунанд.

Ҳамаи сухани Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дунёи истикборро нигарон ва хашмгин кардааст, даъват ба ин муқовимат аст: Муқовимат дар баробари дахолату шарорати Амрико ва дигари қудратҳои мутаҷовиз ва ба даст гирифтани сарриштаи ояндаи дунёи Ислом бо такя бар маорифи исломӣ.

Табиатан Амрико ва ҳамроҳонаш дар баробари унвони «муқовимат» дучори ҳассосиятанд ва ба анвоъи душманӣ бо «Ҷабҳаи муқовимати исломӣ» камар бастаанд. Ҳамроҳии бархе аз давлатҳои минтақа бо онон низ воқеияти талхе дар ҷиҳати тадовуми он шароратҳост.

Сироти мустақиме, ки маносики ҳаҷ – саъй ва тавофи Арафот ва Ҷамарот – ва шаъоиру шиква ва ваҳдати ҳаҷ ба мо нишон медиҳад таваккул ба худо ва тавваҷӯҳ ба қудрати лоязоли илоҳӣ, эътимод ба нафси миллӣ, эътиқод ба талошу муҷоҳидат ва азми росих бар ҳаракат, умеди вофир ба пирӯзӣ аст.

Воқеъиёти саҳна дар минтақаи исломӣ бар ин умед меафзояд ва он азмро тақвият мекунад. Аз сӯе ногувориҳои дунёи Ислом ақабмондагиҳои илмӣ ва вобастагиҳои сиёсӣ ва нобасомониҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ моро дар баробари вазифаи бузургу муҷоҳидате хастагинопазир қарор медиҳад; Фаластини мағсуб моро ба ёрӣ металабад; Ямани мазлум ва хунолуд дилҳоро ба дард меоварад; масоиби Афғонистон ҳамаро нигарон месозад ; ҳаводиси талх дар Ироқу Сурия ва Лубнон ва бархе дигар аз кишварҳои мусулмон, ки дасти шарорату дахолати Амрико ва ёронаш дар он машҳуд аст, ғайрату ҳиммати ҷавононро бармеангезад ва аз сӯи дигар, сарбарафроштани аносури муқовимат дар ҳамаи ин хиттаи ҳассос ва бедории миллатҳо, ангезиши насли ҷавон ва пурнишот, дилҳоро лабрез аз умед мекунад; Фаластин дар ҳамаи бахшҳои худ «шамшери Қудс»-ро аз ниём берун мекашад; Қудс, Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ва сарзаминҳои 1948 ва урдӯгоҳҳо ҳама бармехезанд ва дар тайи дувоздаҳ рӯз бинии мутаҷовизро ба хок мемоланд; Ямани маҳсур ва танҳо, ҳафт сол ҷангу ҷиноят ва мазлумкушии душмани шарур қасиюл-қалбро тоб меоварад ва бо вуҷуди қаҳтии ғизо ва дору ва имконоти зистӣ, таслими зӯргӯён намешавад ва онҳоро бо иқтидору ибтикори худ саросема мекунад; дар Ироқ аносури муқовимат бо забони расо ва сареҳ, Амрикои ишғолгар ва ДИИШ-и дастнишондаи онро ба ақаб меронанду азми росихи худ бар муқобила бо ҳар навъи дахолату шарорат аз сӯи Амрико ва ҳамроҳонашро белакнат иброз медоранд.

Талоши таблиғотии амрикоиён барои таҳрифи азму хоста ва амали ҷавонони ғаюру аносури «муқовимат» дар Ироқу Сурия ва Лубнону дигари кишварҳо ва мунтасаб кардани он ба Эрон ё ҳар марҷаъи дигар, тавҳин ба он ҷавонони шуҷоъу бедор ва ношӣ аз адами фаҳму дарки дурусти амрикоиҳо аз миллатҳои ин минтақа аст .

Ҳамин дарки ғалат мӯҷиб шуд, ки Амрико дар Афғонистон таҳқир шавад ва пас аз он вуруди пурсару садо дар бист соли пеш ва пас аз ба кор бурдани силоҳу бомба ва оташ дар баробари мардум бедифоъ ва ғайринизомӣ худро дар ботлоқ ҳис кунаду нерӯ ва абзори низомии худро аз он берун барад. Албатта миллати бедори афғон бояд муроқиби абзорҳои иттилоотӣ ва силоҳҳои ҷанги нарми Амрико дар кишвараш бошаду ҳушёрона дар баробар он боистад.

Миллатҳои минтақа нишон додаанд, ки бедор ва ҳушёранд ва роҳу рӯйкарди онон аз бархе давлатҳо, ки барои розӣ нигаҳ доштани Амрико ҳатто ба хостаи ӯ дар масаълаи ҳаётии Фаластин тан медиҳанд ҷудо аст; давлатҳое, ки бо режими ғосиби саҳюнист ошкору пинҳон, нарди дӯстӣ мебозанд, яъне ҳаққи миллати Фаластинро дар меҳани торихиаш инкор мекунанд. Ин, дастбурд ба сармояи фаластиниҳост. Онҳо ба тороҷи сармояҳои табиии кишварҳои худ басанда накарданд ва акнун сармояи миллати Фаластинро тороҷ мекунанд.

Бародарону хоҳарон!

Минтақаи мо ва ҳаводиси сареъу гуногуни он, намоишгоҳи дарсҳо ва ибратҳост; аз сӯе қудрати ношӣ аз муҷоҳидату муқовимат дар баробари зӯргӯии мутаҷовиз ва аз сӯе зиллати ношӣ аз таслиму изҳори заъфу таҳаммули таҳмилҳои ӯ.

Ваъдаи содиқи илоҳӣ, нусрати муҷоҳидони роҳи Худост: Ин тансурул-лоҳа янсуркум ва юсаббит ақдомакум.

Нахустин асари ин муҷоҳидат, боздоштани Амрико ва дигари зӯргӯёни байналмилалӣ аз дахолату шарорат дар кишварҳои исломист, иншоаллоҳ.

Аз Худованди Мутаъол нусрати миллатҳои мусулмонро масъалат мекунам ва ба ҳазрати Бақияллоҳ (арвоҳуно фидоҳу) дуруд мефиристаму улувви дараҷоти Имом Хумайнии азимушшаън ва шуҳадои бузургворро аз Худо металабам.

Вассалому ало ибодиллоҳис-солиҳин

Сайид Алии Хоманаӣ

26 тирмоҳи 1400 – 6 зилҳиҷҷаи 1442 17 июли 2021

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад