Раҳбари Эрон: Рӯзи интихобот рӯзи миллати Эрон ва таъини сарнавишт аст

Сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии ҶИЭ дар Эрон ва ҳамзамон дар 101 кишвар ва 450 шуъба дар хориҷ аз он дар ҳоли баргузорӣ аст

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон соати ҳафти сӯбҳи имрӯз пас аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ гуфт: Рӯзи интихобот рӯзи миллати Эрон аст. Имрӯз майдондору саҳнагардони аслӣ мардум ҳастанд. Мардум ҳастанд, ки бо ҳузур дар маъракаи овоздеҳӣ таклифи куллӣ ва асосии кишварро барои солҳои оянда муайян мекунанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: Бар асоси ин воқеият, хиради инсонӣ ҳукм мекунад, ки ҳама дар ин озмуни бузурги миллӣ ва саросарӣ ширкат кунанд ва иллати даъвати мукаррари мо аз мардум барои ҳузур дар интихобот низ ин аст, ки дар дараҷаи аввал худи мардум аз ин ҳузур нафъ мебаранд ва Ҷумҳурии Исломӣ низ имтиёзоти бузурге дар арсаи байналмилалӣ ба даст меоварад.

Ишон овози якояки мардумро муҳим дониста ва гуфт: Ҳама биёед ва номзади шоистаро бишиносед ва раъй бидиҳед ва ҳеч кас нагӯяд бо як раъйи ман иттифоқе намеафтад, зеро ҳамин якояки раъйҳо аст, ки орои миллионии миллатро ташкил медиҳад.

Сайид Алӣ Хоманаӣ Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба тавсияи ҳамешагии худ, яъне суръат бахшидан дар раъй додан, хотирнишон карданд: Ҳар чӣ зудтар бо нияти худоӣ ва савоб ин вазифаву таклифро анҷом диҳед беҳтар аст, то охири вақт соатҳои зиёде ҳаст, аммо ҳарчӣ зудтар ин вазифаро анҷом диҳед беҳтар аст.

Сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии ҶИЭ дар Эрон ва ҳамзамон дар 101 кишвар ва 450 шуъба дар хориҷ аз Эрон баргузор мешавад. Дар ин давра 4 номзад бо ҳам рақобат доранд. Ин номзадҳо иборатанд аз:

  1. Муҳсини Ризоӣ
  2. Сайид Иброҳими Раисӣ
  3. Сайид Қозизодаи Ҳошимӣ
  4. Абдуносири Ҳимматӣ

Ёдовар мешавем, ки номзадҳои зер пеш аз интихобот аз рақобат канорагирӣ карданд:

  1. Саъиди Ҷалилӣ
  2. Алиризо Зоконӣ
  3. Муҳсини Меҳрализода

Ҳамзамон бо ин интихобот шашумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру деҳот, интихоботи миёндавраии панҷумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва интихоботи миёндавраии ёздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад