Изҳори нигаронии дабири кулли СММ аз коҳиши ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме бахшида ба рӯзи байналмилалии интиқоли оилавӣ, аз буҳрони эҳтимолии оилаҳои муҳоҷирон изҳори нигаронӣ кард.

Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ таъкид намуд, ки бисёре аз таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки буҳрон ҳангоми пандемия метавонад ба интиқоли маблағҳо ва оилаҳое, ки ба онҳо такя мекунанд таъсири манфӣ мерасонад.

Дабири кулли СММ аз он изҳори хӯшҳолӣ кард, ки интиқоли маблағҳо хеле устувор ва бо эътимод аст. Аммо тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ интиқоли пул ба кишварҳои бо даромади кам ва миёна ҳанӯз ҳам дар соли 2020 1,6 дарсад коҳиш ёфта он ба 540 миллиард доллар расид.

Инчунин дабири кулли СММ қайд кард, ки сабабҳои зиёде вуҷуд доранд, ки чаро интиқолҳо бештар коҳиш наёфтанд. Якеаш ин аст, ки муҳоҷирон эҳтиёҷоти оилаҳои худро тавассути кам кардани истеъмоли шахсӣ ва истифода аз пасандозҳои худ афзалият медиҳанд.

Гутерриш дар идомаи суҳбаташ афзуд, дар оянда мо бояд саъю талоши худро барои дастгирӣ ва муҳофизати муҳоҷирон идома диҳем тавре, ки дар давраи пандемияи “Covid-19” маълум гашт дар пешниҳодоти хадамотӣ ва фаолияти иқтисодӣ дар маҷмуъ чунин нақши асосӣ ва муҳим доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад