Ҳузури бошукуҳи мардум дар интихоботи Эрон

Мардуми Эрон имрӯз бар хилофи гумоназаниҳои расонаҳо ва коршиносони хориҷӣ бо ҳузури пуршури худ барои таъини сарнавишт ва интихоби раисҷумҳури шоиста барои чаҳор соли ояндаи худ дар интихобот ширкат мекунанд.

Бар асоси гузоришҳои маҳаллӣ, сездаҳумин давраи интихоботи президентии ҶИЭ аз соати 7 сӯбҳи имрӯз 18 июн (ба вақти маҳаллӣ) бо ҳузури Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари ҶИЭ ва дигар шахсиятҳои сиёсӣ-фарҳангӣ оғоз ёфтааст ва теъдоди 59 миллиону 310 ҳазору 307 нафар шароити раъйдеҳӣ дар интихоботро доранд ва бар асоси гузоришҳои манобеи хабарӣ то кунун мардум пуршӯру бошукӯҳ дар интихобот ширкат доранд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ дар аввалин лаҳзаҳои интихобот раъй дод ва баъд аз он дар суханоне мардумро ба ширкати густарда ва саривақтӣ дар интихобот даъват намуд ва таъкид намуд, ки ҳар райъи мардум муҳим аст ва ширкат дар интихобот ба нафъи мардум ва ва ҶИЭ дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Қарор аст интихобот аз соати 7 субҳ то 24 шаб баргузор гардад ва дар сурати лозимӣ то соати 2 бомдоди 19 июн тамдид мешавад. Бино ба гуфтаи масъули Вазорати кишвари ҶИЭ натоиҷи аввалияи интихобот то баъд аз нисфирӯзии 19 июн эълон хоҳад шуд.

Дар ин давраи интихоботи президентӣ аз ҷамъияти 80 миллионии Эрон, 59 миллиону 310 ҳазору 307 нафар ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд, ки 29 миллиону 980 ҳазору 38 нафари он мард ва 29 миллиону 330 ҳазору 369 нафари боқимонда зан мебошанд.

Як миллиону 392 ҳазору 148 нафар ҳам касоне ҳастанд, ки барои аввалин дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат мекунанд.

Наздики 3,5 миллион шаҳрванди эронӣ ҳам дар хориҷ аз кишвар шароити овоздеҳиро доранд, ки 133 намояндагии ҶИЭ ва 234 шӯъбаи раъйгирӣ дар хориҷ аз Эрон барои шаҳрвандони ин кишвар омода шудааст.

Бо вуҷуди таблиғот ва гумоназаниҳои расонаҳои хориҷӣ дар баҳси таҳрими интихобот ва ширкати камранги мардуми Эрон дар он гузоришҳои филму акси хабарнигорон аз ҳузури густардаи мардум аз лаҳзаҳои аввали овоздеҳӣ хабар медиҳанд.

Қайд карда мешавад, ки сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон ва ҳамзамон дар 101 кишвар ва 450 шуъба дар хориҷ аз он баргузор мешавад. Дар ин давра 4 номзад бо ҳам рақобат доранд, ки иборатанд аз:

Муҳсини Ризоӣ – дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми ҶИЭ

Сайид Иброҳими Раисӣ – раиси қувваи қазоии ҶИЭ

Сайид Қозизодаи Ҳошимӣ – намояндаи Маҷлиси Шурои Исломӣ

Абдуносири Ҳимматӣ – раиси Банки Марказии ҶИЭ то оғози замони рақобатҳои интихоботӣ

Интихоботи Эрон

Бар асоси назарсанҷиҳои анҷомшуда Сайид Иброҳими Раисӣ ба хотири корномаи муваффақ дар мубориза бо фасод ва ҳимоят аз ҳуқуқи мардуму коргарон ва тақвияти тавлиди дохилӣ аз имкони пирӯзии болое бархурдор аст.

Ёдовар мешавем, ки номзадҳои зер пеш аз интихобот аз рақобат канорагирӣ карданд:

Саъиди Ҷалилӣ

Алиризо Зоконӣ

Муҳсини Меҳрализода

Шоёни зикр аст, ки қабл аз замони баргузории интихоботи президентӣ маъракаҳои таблиғотии фаровоне барои номзадҳои интихоботӣ дар назар гирифта шуда буд ва ба далели риояти масоили беҳдоштӣ, бештари таблиғотӣ номзадҳо аз тариқи расонаи миллӣ баргузор мешуд ва ҳафт номзад чанд дар се барномаи мунозираӣ ба баёни барномаи худ ва нақди рақибон пардохтанд, то мардум битавонанд онҳоро бештар бишиносанд ва дуруст интихоб кунанд.

Натиҷаи интихоботи ҶИЭ барои ояндаи 4 сол раёсатҷумҳурӣ барои эрониён ва ҷаҳониён ба хусус қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ бисёр аҳамият дорад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад