Хурӯши мардуми инқилобии Эрон: Бо иқтидор аз мустакбирон интиқоми сахт мегирем!

41 сол пеш дар 11 феврали 1979 Инқилоби Исломии Эрон ба раҳбарии имом Хумайнӣ бар ҳукумати ситамшоҳии паҳлавӣ пирӯз шуд ва ҳамасола аз 1/02/1979, ки имом Хумайнӣ баъд аз 15 сол табъид ба Эрон баргашт то 11/02/1979, ки пирӯзии Инқилоби Исломӣ эълон ва амалӣ шуд ба унвони даҳаи фаҷр гиромӣ медоранд ва рӯзи 22 Баҳман (11 феврал) роҳпаймоии миллионӣ намуда вафодорӣ ва пойбандии худро барои идомаи ормонҳои Инқилоби Исломӣ ва мубориза бо мустакбирон ва ҳимоят аз мустазъафонро ба ҷаҳон нишон медиҳанд.

Дар солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар роҳпаймоии саросарӣ ва бошукӯҳи явмуллоҳи 22 баҳмани 1398, қатъномае дар 6 банд қироат шуд, ки дар идома мехонед.

یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا إِنْ تَنْصُرُوا اللّهَ یَنْصُرْکُمْ وَ یُثَبِّتْ أَقْدامَکُمْ

Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ мекунад ва қадамҳоятонро устувор медорад. (Сураи Муҳаммад, ояти 7)
Явмуллоҳи 22 баҳман сароғози пирӯзии миллати Эрон бар мустакбирон ва ғоратгарон, 22 баҳман сароғози ҳукумати Илоҳӣ бар ҷаҳон, барафрошта шудани парчами адолати исломӣ ва бедории мустазъафон, явмуллоҳи 22 баҳман рӯзи мавъуди иззатталабон ва муҷоҳидон барои ақди паймони дубора бар сари аҳдоф, усул ва ормонҳои волои Инқилоби Исломӣ ва азми ҳамагонӣ барои муҳофизат ва посдошти ин ормонҳо ва роҳпаймоии пуршӯр ва тамошоии явмуллоҳи 22 баҳман яке аз беҳтарин ҷилваҳои қудрати лоязоли илоҳӣ, мазҳари азамати миллат ва иқтидори миллӣ, миодгоҳи ҳоҷ Қосим Сулаймониҳои Эрон барои идомаи роҳи иззатофарини сардори дилҳо ва парчамдории ҷабҳаи муқовимат дар минтақа.
Ва инак мо ширкаткунандагон дар роҳпаймоии ҳамосии 22 баҳман, бо ҳамду сипоси зоти ақдаси аҳадият ҷалла ва ало, ба поси ин тавфиқи илоҳӣ ва дуруд ба рӯҳи пурфутӯҳи эҳёгари Исломи ноби Муҳаммадӣ (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳазрати имом Хумайнӣ (Ризвонуллоҳи таоло алайҳ) ва арвоҳи тайибаи шуҳадо, ба хусус сипаҳбуди шаҳид ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ ва муҷоҳиди бузурги Ислом, шаҳид Абӯмаҳдӣ Муҳандис, бо бонги расои тавҳиди Аллоҳу акбар, Хоманаӣ раҳбар ва фарёди кӯбандаи “Марг бар Амрико ва Англис” эълом менамоем:
1- Зимни паймони дубора бо ормонҳои баланди наҳзати илоҳии имоми роҳили азимушшаън (Қаддасаллоҳу нафсаҳу аз-закия) ва таҷдиди аҳду байъат бо муқтадои азимушшаъни уммати исломӣ ҳазрати оятуллоҳилузмо имом Хоманаӣ (Мудда зиллуҳу ал-олӣ), имон ва ғайрати динӣ, инқилобигарӣ, вилоятмадорӣ, муқовимат, ҳифзи ваҳдат ва инсиҷоми миллӣ ва пайравии маҳз аз хостаҳои мақоми муаззами раҳбарӣ ва таҳаққуқи амалӣ баёнияи гаронсанги “ қадами дувуми инқилоби исломӣ”-ро сабаби такомули роҳи пурфуруғи инқилоби исломӣ ва иззату каромати рӯзафзуни Эрони исломӣ медонем.
2- Азми ҷиддӣ барои интиқоми сахти шаҳодати сардори дилҳо, сипаҳбуди шаҳид ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ, муҷоҳиди бузурги Ислом Абӯмаҳдӣ Муҳандис ва ёрони ҳамразмашон аз шайтони бузург Амрикои террористро талаби ҳамагон дониста ва бо омодагии комил барои ҳар навъ муқовимат ва ҷонфишонӣ дар ин тариқи илоҳӣ ва ҳушдори қотеъ ба ҷиноятпешагони амрикоӣ-саҳюнистӣ, эълом менамоем то берун рондани комили ишғолгарони фасодбарангези амрикоӣ аз минтақаи ғарби Осиё ва нобудии режими сохтагии кӯдаккуш (-и саҳюнистӣ) аз пой нахоҳем нишаст.
3- Нақзи аҳди пай дар пай ва хурӯҷи якҷониба ва мустакбирона аз қарордодҳои байналмилалӣ аз ҷумла тавофуқномаи Барҷом, гувоҳи мустадал ва мантиқӣ бар чарои беэътимодии мутлақ ба Амрикои ҷаҳонхор ва ҳампаймонони Аврупоии он буда ва иқдоми нангини раисҷумҳури пасту ҳақири Иёлоти Муттаҳида дар террори ноҷавонмардонаи сардорони бузурги ҷабҳаи муқовиматро исботкунандаи террористи давлатӣ будани ҳайати ҳокимаи маркази фасоди қарн, Амрико дониста, ҳар навъ замзамаи шум ва зиллатбори музокира бо мисдоқи томи истикбор, қотили сипаҳбуди шаҳид ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ ва душмани шумораи яки башарият ва дил бастан ба бегонагонро ба шиддат маҳкум менамоем.
4- Тавтеаи аҳмақона ва хабисонаи амрикоӣ-саҳюнистӣ ба номи «муомилаи нангин қарн», ки ба тавфиқи илоҳӣ ва муқовимати мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон аз ҳам акнун ба зуболадони таърих супорида хоҳад шуд ва ба таъбири зебои мақоми муаззами раҳбарӣ (Оятуллоҳ Хоманаӣ) қабл аз марги Трамп хоҳад мурдро маҳкум ва тадовуми ҳимояти ҳамаҷониба аз ҷабҳаи босалобати муқовимати исломӣ, хосса мардуми ситамдида ва шуҷои Фаластин ва ормони Қудси шариф то маҳви комили режими сохтагӣ ва кӯдакаш саҳюнистиро хоҳонем.

5- Баргузории интихоботи пуршӯрро мазҳари азамат ва пуштвонаи амнияти миллӣ ва мисдоқи айнии ҷумҳурияти низоми муқаддаси исломӣ дониста, тамоми ҳаммеҳанони басир ва душманшиноси дорои шароити овоздеҳиро ба ҳушёрӣ дар баробари сиёҳнамоии императории расонаии низоми султа ва ширкати ҳадди аксарӣ дар интихобот ва интихоби шоистатарин бо вежагии тадайюн, инқилобигарӣ, вилоятмадорӣ, тафаккури басиҷӣ ва ҷиҳодӣ, зидди фасод ва ходими содиқи мардум ва низоми динӣ будан аз байни номзадҳоро бо ҳадафи амал ба вазифаи шаръӣ, инқилобӣ ва миллӣ дар мақтаи ҳассоси кунунӣ, ва ташкили маҷлиси қавӣ лозимаи тақвияти муаллифаҳои қудрати низоми исломӣ, ҳалли асосии мушкилот ва гузари иззатмандона аз ин печи таърихӣ даъват менамоем.
6- Ҳушёрии ҳамагон дар баробари нуфузи ноаҳлон дар аркони тасмимсозӣ ва тасмимгирӣ, ҳиммати ҷиҳодӣ ва эҳтимоми ҷиддии масъулон барои посухгӯии содиқона ва амалӣ ба хостаҳои барҳақи мардум ба хусус дар заминаи шуғл, издивоҷи ҷавонон, маишат, мубориза бо таваррум ва гаронии афсоргусехта, таҳаққуқи амалии иқтисоди муқовимати бо равнақи тавлид, истодагӣ ва муқовимати шуҷоона дар баробари низоми султа ва парҳези комили мақомоти кишварӣ ба хусус давлатмардон аз ҳар навъ ҳошиясозиро бо исрор ва ҷиддият хоҳонем.

41 сол пеш дар 11 феврали 1979 Инқилоби Исломии Эрон ба раҳбарии имом Хумайнӣ бар ҳукумати ситамшоҳии паҳлавӣ пирӯз шуд ва ҳамасола аз 1/02/1979, ки имом Хумайнӣ баъд аз 15 сол табъид ба Эрон баргашт то 11/02/1979, ки пирӯзии Инқилоби Исломӣ эълон ва амалӣ шуд ба унвони даҳаи фаҷр гиромӣ медоранд ва рӯзи 22 Баҳман (11 феврал) роҳпаймоии миллионӣ намуда вафодорӣ ва пойбандии худро барои идомаи ормонҳои Инқилоби Исломӣ ва мубориза бо мустакбирон ва ҳимоят аз мустазъафонро ба ҷаҳон нишон медиҳанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад