Даргириҳои нажодӣ дар Қазоқистон баъди сафари вазири хориҷаи Амрико

Даргирии қавмӣ дар ҷануби Қазоқистон байни қазоқҳо ва дунганҳо пас аз сафари Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико ба Осиёи Марказӣ, сурат гирифт ва танишҳои иҷтимоӣ дар ин кишварро ташдид кард.

Изҳороти вазири умури хориҷаи Амрико мунҷар ба вокуниши шадиди сафоратҳои Чин дар Қазоқистон ва Узбакистон шуд ва дар паёмҳои расмии дипломатҳои чинӣ, иттилооте дар бораи густариши овозаҳое тавассути Вашингтон бо ҳадафи тахриби тарҳи тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ хабар доданд.

Ҳамчунин пас аз суханронии зиддичинии Помпео дар ҷануби Қазоқистон даргирии қавмӣ байни қазоқҳо ва дунганҳо сурат гирифт.

Дар ҳамин замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шиорҳое монанди «дунганҳо аз Чин омаданд ва қасди ишғоли заминҳои қазоқро доранд» мунташир мешуданд ва намояндагони ҷунбишҳои миллатгароӣ таҳти таъсири ин шиорҳо вориди рустои Масанчӣ шуда ва хонаҳои дунганҳоро тахриб карданд.

Ин иттифоқот пас аз сафари Пампео ба Осиёи Марказӣ ва изҳороти зиддичинии вай воқеан машкук аст, зеро даргирӣ байни дунганҳо ва қазоқҳо ба унвони ҷавоби Вашингтон ба вокуниши шадиди сафоратҳои Чин дар Қазоқистон ва Узбакистон таъбир мешавад.

Шоёни зикр аст, ки дар таърихи 7-уми феврали соли ҷорӣ дар рустои Масанчии Қазоқистон даргирии қавмӣ, сурат гирифт ва дар натиҷаи он, 11 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад