Хонаводаи шоҳи паҳлавӣ бо иқтисоди Эрон чӣ мекард?

22 Баҳманмоҳи 1357 ҳ.ш. (11 феврали 1979) мардуми мусулмони Эрон ба раҳбарии имом Хумайнӣ инқилоб карданд ва бар ҳукумати шоҳи паҳлавӣ поён доданд. Хонаводаи шоҳи паҳлавӣ бо иқтисоди Эрон чӣ карданд? Гӯшае аз онро дар идома мехонед.

Шояд хелеҳо надонанд, ки хонаводаи шоҳи паҳлавии Эрон сарватмандтарин хонаводаи Эрон буданд. Пеш аз пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар 11 феврали 1979 мелодӣ расонаҳои амрикоӣ сарвати шоҳи Эронро як миллиард доллар тахмин мезаданд, вале чанд моҳ пеш аз пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон ва берун бурдани беш аз 31 миллиард доллар аз Эрон ба дасти шоҳ маълум шуд тамоми тахминҳо хато будааст. Ҳамон соле, ки Инқилоби Исломии Эрон (1979) пирӯз шуд рӯзномаи Шпигели олмонӣ навишт шоҳ 24 миллиард доллар аз Эрон берун бурдааст. Гузоришҳои дигар аз берун бурдани ҷавоҳироти гаронбаҳо ва ҳамчунин 13 миллиард доллар аз Эрон дар тирамоҳи 1978 ба дасти мақомоти паҳлавӣ ва аъзои хонаводаи салтанатӣ хабар медоданд. Рӯзномаи “Ню-йорк таймз” дар шумораи 10 январи 1979 мелодӣ яъне танҳо чанд рӯз пеш аз гурехтани Муҳаммадризошоҳ аз Эрон бо такя бар гуфтаҳои манобеи банкӣ навишт: Ризошоҳ (падари Муҳаммадризо) вақте аз Эрон берун ронда шуд бисёр сарватманд буд. Ин рӯзнома хабар дод, ки танҳо дар соли 1978 ва 1979 байни 2 то 4 миллиард доллар ба дасти аъзои хонадони салтанатӣ аз Эрон берун бурда шудааст. Ардашери Зоҳидӣ, вазири хориҷа ва домоди Муҳаммадризо Паҳлавӣ дар китоби “25 сол дар канори подшоҳ” дар ин бора навишт: Додситони Теҳрон дар замони Шариф Имомӣ феҳристи дақиқе аз афроде, ки пулҳоеро ба шакли асъори хориҷӣ аз Эрон берун бурда буданд таҳия кард. Дар миёни ин феҳрист шахси аълоҳазрат ба берун бурдани 31 миллиард доллар аз кишвар муттаҳам шуда буд. Албатта ин фақат сарвате аст, ки паҳлавиҳо аз Эрон берун бурдаанд ва қимати молу мулк ва дороиҳояшон дар берун аз Эронро дар бар намегирад. Шоҳи Эрон мулк ва қасрҳое дар саросари ҷаҳон дошт, аз ҷумла заминҳои зиёд ва кохҳои муҷаллал дар Испания, хонаҳои истироҳатӣ дар атрофи Лондон ва Ню-арлеани Амрико, қаср ва боғҳои Стилл-масс дар Лондон, кохи маъруф ба “Гули садбарг” дар Женева ва қасри муҷаллали Сант-Морис дар Шветсария, ки истироҳатгоҳи зимистонии шоҳ буд. Хонаводаи паҳлавӣ он қадар пул аз Эрон бурданд, ки дар берун аз Эрон ҳам ҳамчунон сарватмандтарин хонаводаи эронӣ боқӣ бимонанд ва наслҳо ҳамчунон дар таҷаммул зиндагӣ кунанд. Бештари ин хонавода дар Амрико зиндагӣ мекунанд. Аксҳое, ки аз кохи таҷаммулии Ашрафи паҳлавӣ дар Амрико мунташир шуд ҳатто ҳуш аз сари сарватмандони ҷаҳон паронд. Фараҳи паҳлавӣ низ дар як кохи муҷаллал дар Порис зиндагӣ мекунад ва албатта доим миёни Амрико ва Аврупо дар сафар аст. Фақат яке аз истироҳатгоҳи тобистонии Фараҳ як боғи чанд гектарӣ дар иёлати Калифорнияи Амрико аст. Қасри Фараҳ дар Қоҳира пойтахти Миср ҳам як кохи муҷаллали салтанатӣ аст.
Аммо онҳо ин ҳама пулро аз куҷо оварда буданд?
Бунёди Паҳлавӣ ва хонаводаи бозмонда аз Ризохон соҳиб ё саҳомдори 17 банку созмони суғурта, 25 корхонаи санъати оҳанӣ, 8 корхонаи маводи маъданӣ, 10 корхонаи истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ, 43 корхонаи санъати хурокворӣ, 47 ширкати хадамотӣ ва 26 маврид сармоягузорӣ ва фаъолияти асосӣ дар Эрон буданд. Онҳо молики аслӣ ё саҳомдори асосии марказҳои иқтисодии бузурге мисли санъати мошинсозии “Эрон-натсионал”, “Генерал-моторзи Эрон”, “Ҷип”, “Ҳепка” ва гурӯҳи корхонаҳои алиминиюми Эрон буданд.
Ин ки ин хонавода чигуна ба ин сарват расиданд ҳам моҷарои ҷолибе дорад. Ризохон падари Муҳаммадризо бузургтарин заминхори Эрон буд ва ҳангоме ки англисҳо ӯро аз Эрон бадарға карданд бо фишори давлати Эрон қарор шуд заминҳои ғасбӣ ба соҳибонашон баргардонда шавад, вале дар ниҳоят ин заминҳо дар ихтиёри Бунёди паҳлавӣ қарор гирифт, ки қарор буд корҳое ба манфиати умуми мардум кунад, аммо ин бунёд расман дар хидмати манфиатҳои дарбори паҳлавӣ қарор гирифт ва бузургтарин манбаи таъмини молии хонаводаи паҳлавӣ шуд, ки то даҳаи 1350 шамсӣ-ҳиҷрӣ (даҳаи 70 асри 20 мелодӣ) дар бештари тиҷоратҳои бузурги иқтисодии Эрон нақш доштанд ва иқтисодро дар чанги худ гирифта буданд. Дахолатҳои хонавода дар қарордодҳои давлатӣ, монополияи тиҷорӣ ва ҳамчунини комисияҳое, ки дар он хонавода ришваҳое аз хориҷиҳо мегирифтанд доим бар сарвати ин хонавода афзуд то ин ки сарватмандтарин хонаводаи эронӣ шуданд ва ҳанӯз ҳам ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад