Ҳамалоти шабонаи артиши режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ

Шаҳри Рафаҳ воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза тайи шаби гузашта шоҳиди чандин ҳамла аз сӯи артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва шаҳодат ва захмишудани шуморе аз Фаластиниён буд.

Ба гузориши хабаргузории Шиҳоб Нюз, артиши режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ тайи шаби гузашта чандин мартаба минтақаҳои мухталифи Навори Ғазза ба вежа Рафаҳ дар ҷануби ин борикаро ҳадаф қарор дод.

Дар ҳамлаи артиши режими хуношом ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба як хона дар шаҳраки «Ал-Ҷанина» воқеъ дар шарқи Рафаҳ 5 овораи фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Хонае дигар дар урдугоҳи «Ибна» воқеъ дар ҷануби шаҳри Рафаҳ низ ҳадафи ҳамлаи ҳавоии артиши режими саҳюнистӣ қарор гирифт. Бар асари ин ҳамла як фаластинӣ ба шаҳодат расид ва чандин нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Замине дар урдугоҳи «Ал-Шабура» дар маркази шаҳр Рафаҳ низ, ки маҳалли истиқрори оворагони фаластинӣ буд аз сӯи артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ҳадаф қарор гирифт. Дар натиҷаи ин ҳамла низ чанд фаластинӣ захмӣ шуданд.

Як замин зироъи дар минтақа «харба алъдс» воқеъ дар шимол Рафаҳ низ ҳадафи ҳамлаи ҳавоии артиши режими палид ва манҳуси саҳюнистӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин як хонаи дигар низ дар минтақаи «Мусбаҳ» воқеъ дар шимоли Навори Ғазза аз сӯи артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ҳадаф қарор гирифт.

Паҳподҳои артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ ҳам ба сӯи шуморе аз шаҳрвандони фаластинӣ дар шаҳраки «Ал-Ҳашошин» дар шимоли ғарби Рафаҳ тирандозӣ ва мушак шиллик карданд, ки дар натиҷаи он як фаластинӣ ба шаҳодат расид.

Минтақаи «Ал-Фахорӣ» дар ҷануби шарқи Хон-Юнус дар ҷануби Навори Ғазза низ аз сӯи артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ҳадаф қарор гирифт.

Ҳамчунин тӯпхона ва ҷангандаҳои артиши режими палиди саҳюнистӣ шаҳраки «Ал-Зайтун» воқеъ дар ҷануби шарқи шаҳри Навори Ғаззаро ҳадаф қарор доданд.

Илова бар ин даргириҳо миёни муборизони муқовимати Фаластин ва артиши режими палиди саҳюнистӣ дар шимоли урдугоҳи «Ал-Насирот» дар маркази Навори Ғазза гузориш шудааст.

Ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба минтақаҳои мухталифи Каронаи Бохтарӣ

Дар ҳамин маврид, артиш режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба минтақаҳои мухталифи Каронаи Бохтарӣ ҳамла бурд ва як ҷавони Фаластиниро ба зарби гулӯла ба шаҳодат расонд.

Ба гузориши хабаргузории Шиҳоб Нюз, шаби гузашта артиши режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба минтақаҳои мухталифи Каронаи Бохтарӣ ҳамла бурд.

Дар шаҳри Ромуллоҳ як ҷавони фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни артиши режими палид ва ғосиби саҳюнистӣ, ки ба ин минтақа ҳамла бурда буданд ба шаҳодат расид.

Ҳамчунин шаҳраки «Байт Фурик» дар шарқи Наблус низ шоҳиди ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ, вуруди онон ба хонаҳои фаластиниён ва ба ҳамрехтан асбоб ва асосияи мавҷуд дар он аз сӯи саҳюнистҳо ваҳши ва ғосиб буд.

Низомиёни артиши режими палиди саҳюнистӣ ба рустои «Барқа» воқеъ дар шарқи Ромуллоҳ низ ҳамла бурданд ва ба бозрасӣ аз хонаҳои фаластиниён пардохтанд.

Низомиёни саҳюнистӣ пас аз ҳамла ба шаҳри Тӯлкарам бо муқовимати муборизони фаластинӣ ва тирандозии ин муборизон мувоҷеҳ шуданд. Низомиёни артиши режими палиди саҳюнистӣ ба масҷиде дар Тӯлкарам низ ҳамла бурданд ва як Фаластиниро боздошт карданд.

Дар ҷараёни ҳамлаи низомиёни сҳисаҳюнистӣ ба минтақаи «Азбатул-Ҷарод» дар Тӯлкарам ҳам як ҷавони фаластинӣ аз сӯи ин низомиён ваҳшӣ ва кӯдаккуш мавриди зарбу шатм қарор гирифт. Дар натиҷаи ин тааррузи низомиёни саҳюнистӣ дасти ин ҷавони фаластинӣ шикаст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад