Ҷосуси собиқи Моссад: Исроил дер ё зуд нобуд мешавад!

Ҷосуси собиқи Моссад, ки амалиёти Тӯфони Ақсо ва ҳамлаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба режими саҳюнистиро пешбинӣ карда буд, гуфт ин режим ҳамчун императорияи Рум ва Чангизхон маҳв мешавад ва то абад вуҷуд нахоҳад дошт.

Ҷосуси собиқи Моссад, ки амалиёти Тӯфони Ақсо ва ҳамлаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба режими саҳюнистиро пешбинӣ карда буд, гуфт ин режим ҳамчун императорияи Рум ва Чангизхон маҳв мешавад ва то абад вуҷуд нахоҳад дошт.

Ҷосуси собиқи Моссад Мишко ибни Дейвид, ки пас аз истеъфо ба як романнавис табдил шуд ва ҳамлаи Ҳамос ба режими саҳюнистӣ ва ҳамлаи Эрон аз осмон ба Телавивро пешбинӣ карда буд, ҳамакунун дар бораи ояндаи режими Исроил ибрози нигаронӣ кардааст.

Ин ҷосуси собиқи Моссад дар китоби худ таҳти унвони “Кӯса” , ки дар соли 2017 нашр шуда буд, ба даргирии маргборе ишора мекунад, ки бо ҳамлаи Ҳамос ба шаҳракҳои саҳюнистнешин дар пушти Навори Ғазза шурӯъ мешавад ва ба таниш байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва режими саҳюнистӣ мерасад.

Пас аз амалиёти Тӯфони Ақсо дар ҳафтуми октябр, ин китоб ба пурфурӯштарин китоби Ӯ табдил шуд.

Тибқи гузориши расонаи Ал-Арабия, Ибни Дейвид, ки барои муддати 12 сол дар Моссад фаъолият доштааст, ба хубӣ медонад, ки артиш ё созмонҳои иттилоотӣ мумкин аст, шикаст бихӯранд.

Дар соли 1997, вай дар амалиёти нокоми Моссад дар террори раиси сиёсии вақти Ҳамос Холид Машъал дар Урдун мушорикат дошт. Вай дар соли 1999 пас аз онки номи вай пас аз террори нофирҷоми Машъал, фош шуд, Моссадро тарк кард ва 20 китоб ба забони ибрӣ навишт.

Вай ҳамакунун бо ибрози нигаронӣ дар бораи ояндаи режими саҳюнистӣ гуфт «мардуми Исроил 3 ҳазор сол ё шояд бештар зиндагӣ карда бошанд, аммо ба императорияи Рум нигоҳ кунед ба чангизхон нигоҳ кунед…онҳо дер ё зуд нопадид хоҳанд шуд».

Вай таъкид кард «чашмандози ман мегӯяд, ки Исроил барои ҳамеша вуҷуд нахоҳад дошт».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад