Даҳ зарба ва осеби бузург ба режими саҳюнистӣ аз оғози ҷанги Ғазза

Як расонаи саҳюнистӣ  ба 10 зарбаи бузурге, ки ин режим аз ибтидои ҷанги Ғазза токунун хӯрдааст, ишора кард, ки охирин ва муҳимтарини онҳо марбут ба иштибоҳи муҳосиботии саҳюнистҳо дар ҳамла ба бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ аст, ки бо посухи қотеи Эрон ҳамроҳ шуд.

Дар ҳоле, ки маҳофил ва коршиносон ва расонаҳои саҳюнистӣ ҳоло ҳам ба интиқодҳои тунди худ аз амалкарди номуносиб ва муҳосиботии иштибоҳи кобинаи ҷанг ва ҳамчунин мақомоти сиёсӣ ва низомии режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза идома медиҳанд, рӯзномаи ибризабони Ҳооретз, вобаста ба режими саҳюнистӣ, дар гузорише ба даҳ зарбаи бузурге, ки Исроил дар давраи ҷанги Ғазза аз ҳафти октябри соли 2023 токунун хӯрдааст, ишора кард.

Ин расонаи ибризабон зарбаҳоеро, ки режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза хӯрдааст, бо пардохтан ба вазъияти ошуфтаи ҷабҳаи шимолӣ оғоз карда ва навиштааст: токунун даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони шаҳракҳо дар бахшҳои марзӣ бо Лубнон маҷбур ба тахлияи хонаҳои худ шудаанд, бидуни инки битавонанд ба сарнавишти худ фикр кунанд, дар ин байн кобина ба ҷойи талош барои ором кардани исроилиҳо шурӯъ ба густариши тарсу ваҳшат кард ва чанд рӯз баъд дастури тахлияи шаҳракҳоро содир кард, ин дар ҳоле аст, ки кобина ҳануз як барнома дуруст ва созмонедеҳишуда барои поён додан ба ҷанг дар ҷабҳаи шимолӣ ва бозгашти шаҳракнишинон ба хонаҳояшон танзим накарда ва дар ин бора тамоми тадбирҳои андешидашуда ба шикаст маҳкум шудаанд.

Ҳооретз дар бораи зарбаи дувуме, ки режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза дарёфт кардааст, таъкид кард, ки ҳадафи Исроил аз ҳамлаи заминӣ ба Навори Ғазза нобудии Ҳамос ва қатъи фаъолияти ин гурӯҳ дар қаламрави Ғазза буд, аммо Исроил сирфан шаҳри Ғаззаро нобуд кард ва Ҳамос ҳамчунон бо қудрат ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Аммо зарбаи севуме, ки Исроил дарёфт кард, ба далели адами вуҷуди стратегияи мушаххасу муаян дар ҷанг буд, зеро баъд аз гузашти беш аз шаш моҳ аз ин ҷанг ҳеҷ барномаи мушаххасе дар дастури кори Исроил нест. Артиши Исроил моҳҳо дар Ғазза ҷангид ва садҳо низомии исроилӣ кушта ва ҳазорон тан низ захмӣ шуданд, аммо ҳеҷ натиҷае надошт ва Ҳамос ҳоло ҳам бо қудрат ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Бар асоси гузориши ин расонаи саҳюнистӣ, зарбаи чаҳоруми режими саҳюнистӣ дар ҷанги марбут ба парвандаи асирони саҳюнистӣ аст, ки дар Навори Ғазза ҳастанд. Бозгашти 250 асири исроилӣ аз Ғазза яке аз аҳдофи муҳими Исроил дар ин ҷанг буд ва ҳамчунон ба унвони як ҳадаф боқӣ мондааст дар ҳоле, ки чашмандозе барои таҳаққуқу бароварда шудани он ҳадафҳо ҳам дида намешавад ва ин дар ҳоле аст, ки парвандаи асирон ибтидо як авлавияти дараҷаяки Исроил буд, аммо баъд аз музокирот дар Қоҳира мушаххас шуд, ки ин парванда дар авлавияти дувум қарор дорад.

Зарбаи панҷум ҳам марбут ба вазъияти инсонӣ дар Навори Ғазза аст. Идомаи ин ҷанги ҳамаҷониба сабаби камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва обу дорӯ дар Навори Ғазза шуд ва ҳамин масъала Исроилро назди афкори умумӣ ба шиддат таҳти фишор қарор дод ва ҷаҳон ва ҳатто муттаҳидони Телавив, Исроилро масъули ин вазъияти мавҷуд медонанд.

Ҳооретз тасреҳ кард: “зарбаи ҳафтум ҳам ба ваҳдати козибу дурӯғини исроилиҳо ворид шуд; ҷое, ки ихтилофҳо дар ҷомеаи исроилӣ қабл аз ҷанги Ғазза оғоз шуда буд, аммо баъд аз таърихи 7-и октябр, Исроил ба унвони ҷомеае дупора ва дуқутби боқӣ монд ва талош барои сарпӯш гузоштан бар ин мавзӯъ беҳудааст.”

Тибқи ин гузориши расонаи ибризабон, дар бораи зарбаи ҳаштум ҳам Исроил зиён ва хисоратҳои иқтисодии фаровону шадиде ба худ дид ва бо камбуди шадиди будҷа мувоҷеҳ аст, ки сабаби афзоиши молиётҳо ва коҳиши рутбаи эътибории Исроил ва осеби шадид ба иқтисоди он барои солҳои дуру дароз мешавад. Аз сӯи дигар шоҳиди як нобасомонӣ ва беназмии беравия дар артиши Исроил низ ҳастем; ҷое, ки худи низомиён исроилӣ филмҳои мухталифе дар бораи бомбаборони сохтмонҳои ғайринизомӣ дар Навори Ғазза ва шиканҷаҳои боздоштшудагони фаластинӣ нашр кардаанд, ки ҳамаи инҳо осеби бештаре ба шахсияти артиш ва худи Исроил ворид мекунад, ҳамчунин ин масъала ба таври мустақим бар иҷрои амалиётҳои артиши Исроил ҳам таъсир мегузорад; чаро, ки артиш маҷбур шуд ахиран ба кушта шудани коркунону кормандони Созмони ошпазхонаи марказии ҷаҳонӣ, ки бо ҳамоҳангии артиши Исроил вориди Ғазза шуда буданд, эътироф кунад.

Дар идомаи гузориши ин расонаи ибризабон омадааст, ки яке дигар аз зарбаҳои бузург ба Исроил ҳам ба таваҳҳуму хаёлпардозиҳои «пирӯзии мутлақ» аст, ки Бенёмин Нетаняҳу аз лаҳзаи аввали ҷанги Ғазза ин истилоҳи тухолиро ибдоъ кард ва комилан равшан буд, ки ин як талоши ноумедона аз сӯи Нетаняҳу ҷиҳати фирор аз шикаст ва эҳёи ҷойгоҳи худ ба унвони танҳо раҳбари Исроил аст, ки метавонад пирӯзиро барои ин режим тасбит кунад, аммо Нетаняҳу ба ин ҳадафи худ ҳам нарасид, балки истилоҳи пирӯзии мутлақ табдил ба сюжети ханда ва масхара алайҳи Исроил шуд.

Расонаи Ҳооретз дар поён ба бузургтарин зарбае, ки артиши режими ишғолгар аз ибтидои ҷанги Ғазза токунун дарёфт кардааст, ишора кард, ки марбут ба амалиёти талофиҷӯёнаи Ҷумҳурии Исломии Эрон зидди режими ишғолгар дар дохили заминҳои ишғолӣ аст.

Ин расонаи саҳюнистӣ дар бораи ин масъала эълон кард: “Исроил бо ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқ, пойтахти Сурия иштибоҳи бузурге анҷом дод ва масъулияти ин иштибоҳ ба ӯҳдаи ҷомеаи иттилоотии Исроил ба вижа шӯъбаи иттилоотии артиш ва ҳамчунин мақомоти сиёсии Исроил аст. Дар ҳоле, ки онҳо солҳо пеш худро ба унвони бузургтарин коршинос дар умури Эрон муаррифӣ карда буданд, аммо ин иштибоҳро анҷом доданд. Мақомоти исроилӣ дар пешбинии авоқиб ва паёмадҳои ҳамла ба консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ иштибоҳ карданд ва дар шароите, ки артиши Исроил дар Навори Ғазза ва ҳамчунин дар ҷабҳаи шимолӣ машғули ҷанг бо Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ аст, эҷоди як дардисари дигар ва боз кардан ҷабҳаи ҷадид алайҳи Исроил ҳеҷ зарурат ва аҳамияте надошт.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад