Шигифтии нав; роҳёбии футзалбозони кишвар ба даври ¼- ниҳоии Ҷоми Осиё-2024

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар гурӯҳи «С» мақоми аввалро касб карда, ба даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок роҳ ёфт.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар гурӯҳи «С» мақоми аввалро касб карда, ба даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок роҳ ёфт.

Футзалбозони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 бо қаҳрамони феълии Осиё, тими Ҷопон (1:1) мусовӣ карданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ Кореяи Ҷанубӣ бо Қирғизистон бо ҳисоби 5 бар 5 мусовӣ кард. Ҳамин тавр, аз гурӯҳи “марг” мо тавонистем, ки роҳхати марҳилаи плей-оффро ба даст орем.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал тими миллии футзали Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 муқобили Кореяи Ҷанубӣ зафар ёфта, дар даври дуюм бо тими милии Қирғизистон мусовӣ 2 бар 2 бозӣ карда буд.

Аз ин гурӯҳ дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба даври баъд роҳ ёфтанд. Тоҷикистон дар бозии оянда бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад ва дастаи Қирғизистон ҳам бо дастаи Эрон сафороӣ хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад