Бархурди ду чархболи низомӣ дар Малайзия 10 кушта бар ҷой гузошт

Расонаҳои Малайзия бо нашри аксҳо эълон карданд, ки пас аз бархурди ду чархболи низомии ин кишвар, ҳамаи мусофирони онҳо кушта шудаанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Дар пайи бархӯрди ду чархболи низомии Нерӯҳои дарёии Малайзия дар як тамрини низомӣ дар рӯзи “Нерӯҳои баҳрии Малайзия” ҳамаи 10 мусофири чархбол кушта шуданд.

Бино ба гузоришҳо, ҳодиса дар пойгоҳи ҳавоии Лумут дар иёлати Перак дар соҳили ғарбии Малайзия рух додааст.

Дар бораи иллати аслии ин ҳодиса то ҳол гузорише мунташир нашудааст, аммо дар тасвирҳои нашршуда дида мешавад, ки яке аз чархболҳо ба думи чархболи дигар аз қафо бархурда ва сипас ҳардуи онҳо ба замин афтодаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад