Ҷаласаи мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз

Мулоқот дар бӯстонсарои шаҳри Гулистон доир шуда, сипас ҳайати меҳмонон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз осорхонаи навбунёд дидан карданд.

Мулоқот дар бӯстонсарои шаҳри Гулистон доир шуда, сипас ҳайати меҳмонон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз осорхонаи навбунёд дидан карданд.

Ба гузориши манбаъ:

Мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар оид ба масъалаҳои марз таҳти роҳбарии Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уралбек Шаршиев, сардорони идораҳои сарҳадбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва раисони вилоятҳои Суғду Ботканд, Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбаев сурат гирифтааст.

Дар ин бора, сардори Хадамоти матбуоти вилояти Суғд, Музаффар Юнусов, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.

Сардори Хадамоти матбуот гуфт:

“Мулоқот дар фазои дӯстӣ баргузор гардид ва ҷонибҳо дар бораи саривақт ҳаллу бартараф шудани масъалаҳои марзӣ изҳори умедворӣ намуданд”.

Бино ба иттилои манбаъ ин мулоқот дар бӯстонсарои шаҳри Гулистон доир шуда, сипас ҳайати меҳмонон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда аз осорхонаи навбунёди ин шаҳр дидан кардаанд.

Сипас дар меҳмонхонаи Суғдиёни Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик баргузор шудааст.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки дар роҳи мустаҳкам намудани муносибатҳои неки ҳамсоягии байни мамлакатҳоямон нақши асосиро сокинони ду ҳамсоякишвар мебозанд, ки пайванди чандинасраи дустию таборӣ доранд.

Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 13 апрели соли ҷорӣ мулоқотҳои якҳафтаина гурӯҳҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ вохӯрӣ баргузор шуд.

Кори ин гурӯҳ тӯли як ҳафта дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд идома кард ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯрии навбатиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мекунанд.

Дар доираи ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳқиқоти муштараки саҳроӣ гузарониданд.

Ахиран рӯзҳои 24 – 29 марти соли ҷорӣ ҷаласаи дуҷониба гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор гардид ва ҷонибҳо дар муайянкунии 28,37 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расиданд.

Ин ҷаласа зери роҳбарии раисони КДАМ Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки давоми сол зиёда аз 197 км ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 км хати сарҳадро ташкил медиҳад.

Ба ин тартиб пурра муайянкуни хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 км ташкил медиҳад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад