Ихроҷи як паноҳҷӯи тоҷик аз Полша

Мақомоти Лаҳистон (Полша) паноҳҷӯйи 36-солаи тоҷик Фаррух Икромовро аз ин кишвари аврупоӣ рондаанд.

Мақомоти Лаҳистон (Полша) паноҳҷӯйи 36-солаи тоҷик Фаррух Икромовро аз ин кишвари аврупоӣ рондаанд.

Фаъолони мухолифон мегӯянд, ӯ дар эътирози соли гузашта ба зидди президент Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин ширкат дошт ва метарсанд, ки дар Тоҷикистон шиканҷа ва ба муддати дароз зиндонӣ хоҳад шуд.

Фаррух Икромов дар соли 2016 ҳамроҳи зану фарзандонаш Тоҷикистонро тарк кард ва дар Лаҳистон мезист. Вакили мудофеяш рӯзи 15-уми апрел ба Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Лаҳистон гуфтааст, “ӯро фиристоданд, дар дохили Тоҷикистон суроғ кунед.”

Шарҳи мақомоти Лаҳистон феълан дастрас нест.

Абдусаттор Бобоев, мудири Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, мегӯяд, “дар Лаҳистон ба ӯ паноҳандагӣ надода буданд”.

Абдусаттор Бобоев рӯзи 16-уми апрел афзуд:

“Ба ин далел чанд моҳ пеш ба Олмон рафт, аммо ӯро дубора аз онҷо ба Лаҳистон фиристоданд. Дар урдугоҳе нигаҳдорӣ мешуд. Рӯзи 10-уми апрел занг заду гуфт, ки аксашро гирифтаанд ва як рӯз баъд аз он телефонаш хомӯш шуд. Вакилаш гуфт, ӯро аз Лаҳистон ронданд”.

Наздикони Фаррух Икромов мегӯянд, ӯ фаъолияти сиёсӣ надошт, аммо ҳамсараш узви Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд. Пас аз баста шудани ҳизб аз тарси таъқиб соли 2016 ба Лаҳистон кӯчидаанд.

Аз соли 2015 ба ин тараф гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун, дар Аврупо ва бахусус Лаҳистону Олмон паноҳанда шуданд.

Солҳои охир баъзе аз кишварҳои аврупоӣ чанд паноҳҷӯи тоҷикро аз қаламрави худ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳо дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои дарози зиндон маҳкум шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз кишварҳои аврупоӣ даъват доранд, ки паноҳҷӯёнро ба Тоҷикистон нафиристанд, чун хавфи шиканҷа ва зиндонӣ шудани онҳо вуҷуд дорад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Аз истирдоди як ҷавони тоҷик аз Лаҳистон (Полша) ба Душанбе пешгирӣ шудааст.

Пайвандонаш гуфтанд, Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола рӯзи 28-уми май бо пойфишории вакилони мудофеъ аз Фурудгоҳи Варшава пас гардонда шуд.

Вай ба гумони ҳамкорӣ бо созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон таҳти пайгард буда, дар урдугоҳи паноҳандагон дар марзи Полша бо Украина мезист.

Пӯлодҷон Абдураҳимзода, падари Сорбон Абдураҳимзода, рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати истирдод фарзандашро дар Тоҷикистон “азияту шиканҷа ва эътирофи маҷбурӣ ба гуноҳи нокарда” интизор аст.

Ҳомии ҳуқуқ Анвар Деркач мегӯяд, ин нуктаро Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо ҳафтае пеш тасдиқ кардааст.

Вакил рӯзи 28-уми май шарҳ дод:

“Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо аз ҳукумати Полша хост, ки Сорбон Абдураҳимзодаро ба Тоҷикистон нафиристад. Бо сабабҳои барои мо норӯшан ӯро субҳи якшанбе ба Фурудгоҳ оварданд. Мо ба мақомоти масъули Лаҳистон фаҳмондем, ки ӯро дар Тоҷикистон азият медиҳанд”.

Назари ҷониби Тоҷикистон ва иттиҳоми зидди Сорбон Абдураҳимзода маълум нест. Падараш мегӯяд, мақомот ӯро барои гуё “лайк”-гузорӣ дар зери навори мухолифон муттаҳам кардаанд. Чизе, ки ба гуфтааш “асос надорад”.

Ба нақли ӯ, оилаи онҳо дар Украина мезист ва пас аз ҳамлаи Русия ба Лаҳистон кӯчид.

Вай мегӯяд:

“Писарам талош дорад, ки иҷозатнома гирад ва ба назди фарзандонаш ба Олмон равад. Ҳоло истирдоди ӯ пурра боздошта шуд. То ду рӯзи дигар Додгоҳи Лаҳистон низ қарорашро мебарорад”.

Аз соли 2015 ба ин тараф гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд. Мақомоти аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.

То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи имсол Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст. Чанде аз созмонҳои ҳуқуқи башар тасмими Олмонро танқид карда, раҳоияшро аз Тоҷикистон хостанд, вале акси садое нагирифтанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад