Пешгирӣ аз истирдоди як ҷавони тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон

Аз истирдоди як ҷавони тоҷик аз Лаҳистон (Полша) ба Душанбе пешгирӣ шудааст.

Аз истирдоди як ҷавони тоҷик аз Лаҳистон (Полша) ба Душанбе пешгирӣ шудааст.

Пайвандонаш гуфтанд, Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола рӯзи 28-уми май бо пойфишории вакилони мудофеъ аз Фурудгоҳи Варшава пас гардонда шуд.

Вай ба гумони ҳамкорӣ бо созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон таҳти пайгард буда, дар урдугоҳи паноҳандагон дар марзи Полша бо Украина мезист.

Пӯлодҷон Абдураҳимзода, падари Сорбон Абдураҳимзода, рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати истирдод фарзандашро дар Тоҷикистон “азияту шиканҷа ва эътирофи маҷбурӣ ба гуноҳи нокарда” интизор аст.

Ҳомии ҳуқуқ Анвар Деркач мегӯяд, ин нуктаро Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо ҳафтае пеш тасдиқ кардааст.

Вакил рӯзи 28-уми май шарҳ дод:

“Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо аз ҳукумати Полша хост, ки Сорбон Абдураҳимзодаро ба Тоҷикистон нафиристад. Бо сабабҳои барои мо норӯшан ӯро субҳи якшанбе ба Фурудгоҳ оварданд. Мо ба мақомоти масъули Лаҳистон фаҳмондем, ки ӯро дар Тоҷикистон азият медиҳанд”.

Назари ҷониби Тоҷикистон ва иттиҳоми зидди Сорбон Абдураҳимзода маълум нест. Падараш мегӯяд, мақомот ӯро барои гуё “лайк”-гузорӣ дар зери навори мухолифон муттаҳам кардаанд. Чизе, ки ба гуфтааш “асос надорад”.

Ба нақли ӯ, оилаи онҳо дар Украина мезист ва пас аз ҳамлаи Русия ба Лаҳистон кӯчид.

Вай мегӯяд:

“Писарам талош дорад, ки иҷозатнома гирад ва ба назди фарзандонаш ба Олмон равад. Ҳоло истирдоди ӯ пурра боздошта шуд. То ду рӯзи дигар Додгоҳи Лаҳистон низ қарорашро мебарорад”.

Аз соли 2015 ба ин тараф гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд. Мақомоти аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.

То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи имсол Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст. Чанде аз созмонҳои ҳуқуқи башар тасмими Олмонро танқид карда, раҳоияшро аз Тоҷикистон хостанд, вале акси садое нагирифтанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:     

Дар Лаҳистон (Полша) ба дархости паноҳандагии як фаъоли зодаи Тоҷикистон посухи рад додаанд.

Саиданвар Сулаймонови 24-сола рӯзи 2-юми март гуфт, аз он хавф дорад, ки ба Тоҷикистон ронда ва барои андешаҳояш муҷозот хоҳад шуд.

Ҷониби Тоҷикистон дар ин замина шарҳе надодааст.

Сулаймонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба номи “Саша Печенка” маъруф аст.

Мегӯяд, то ин дам дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон, боздошту зиндонӣ шудани ҳомиёни ҳуқуқ ва масоили дигари вобаста ба Тоҷикистон гап задааст.

Мақомоти Лаҳистон рӯзи 20-уми феврал дар номае гуфтаанд, далелеро барои додани ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ ба ӯ наёфтанд.

Ӯ аз соли 2008 дар Русия мезист. Дар ситоди пешазинтихоботии Андрей Пивоваров, ки ҳоло дар Русия зиндонист, фаъолият дошт.

Номаш дар соли 2021 ва замоне расонаӣ шуд, ки дар яке аз шифохонаҳои Маскав кор мекард ва ба ҷонибдорӣ аз флешмоби созмондодаи Алексей Навалний, пешвои зиндонии мухолифин, чароғаки телефонашро рӯшан кард.

Он ҳангом ӯро аз кор ронданд ва барои чил сол аз ҳаққи даромадан ба хоки Русия маҳрум карданд.

Рӯзи 2-юми март вай гуфт:

“Маҷбур шудам, ки соли 2021 Русияро тарк кунам. Аз он вақт то ба имрӯз дар Полша ҳастам”.

Вай афзуд, шаҳрванди Тоҷикистон аст ва мақомоти интизомии кишвар то кунун аз наздикону ҳамсояҳояш дар бораи дар куҷо ва ба чӣ кор машғул буданаш пурсидаанд.

Вай илова кард:

“Ин пурсишҳо на як бору ду бор, балки борҳо шудааст”.

Саиданвар Сулаймонов ҳоло барои бозбинии қазияаш ба мақомоти Полша муроҷиат кардааст.

Аз соли 2015 ба ин тараф садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Аврупо, аз ҷумла Олмону Лаҳистон, паноҳанда шуданд. Баъзе аз онҳо аз таъқиби сиёсӣ ва саркӯби дигарандешону мухолифон ва иддае дигар аз маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар шикоят доранд. Мақомоти аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад