Ҷаласаи Шӯрои амният бидуни судури баёния ё қатънома поён ёфт

Нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал, ки бо ҳадафи баррасии посухи танбеҳии Эрон ба режими саҳюнистӣ, бидуни судури қатънома ё баёнияе ба кори худ поён дод.

Нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал, ки бо ҳадафи баррасии посухи танбеҳии Эрон ба режими саҳюнистӣ ва ба дархости ин режими ишғолгар ташкил шуда буд, бидуни судури қатънома ё баёнияе ба кори худ поён дод.

Дар нишасти Шӯрои амният, Амрико ва дигар муттаҳидонаш ба ҳимояти тамомқад аз ҷиноёти бевақфаи режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза ва таҷовузгарӣ ва моҷароҷӯии низомии ин режим алайҳи кишварҳои минтақа пардохтанд ва посухи комилан машрӯъ ва қонунии Эрон ба таҷовузи ахири саҳюнистҳо ба консулгариаш дар Димишқро маҳкум карданд.

Намояндаи режими ишғолгар ҳам дар ин нишаст ба сафсатагӯӣ ва тарҳи иддаоҳои хандаовар ва беасос дар ростои сарпӯш гузоштан бар ҷиноёти мустамари ин режим алайҳи миллати Фаластин ва дигар миллатҳои минтақа пардохт.

Амирсаъеди Ераванӣ, сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал перомуни “вазъияти Ховари Миёна” зимни донистани ҳаққи зотӣ барои Эрон ҷиҳати посух ба режими Исроил гуфт: мутаассифона се кишвари Амрико, Англис ва Фаронса тасмим гирифтанд чашми худро рӯй воқеият бубанданд.

Қаси Заҳок, намояндаи Сурия дар Созмони Милал дар нишасти Шӯрои амният гуфт: “дар бораи хатароти ташдиди таниш ва мултаҳиб шудан авзоъ аз сӯи Исроил, ки барои сарпӯш гузоштан бар шикасти худ дар таҳаққуқи аҳдофи низомияш дар Ғазза талош мекунад, ҳушдор додем.”

Вай илова кард, ки иқдоми рӯзи гузаштаи Эрон (посух ба таҷовузи режими саҳюнистӣ), анҷоми саҳеҳи ҳаққи дифоъ аз хеш аст.

Заҳок таъкид кард, ки мо мақомоти режими ишғолгар ва давлати Амрикоро масъули комили таҷовузҳои Исроил ва ҳаргуна таниши бештар, ки амният дар минтақаро таҳдид мекунад, медонем.

Намояндаи Русия дар Созмон Милал ҳам дар ин нишаст, бо ҳимоят аз посухи кӯбандаи Эрон ба таҷовузи ахири режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки нишасти изтирории Шӯрои амният дар бораи посухи Эрон, рӯйкарди дугонаи ғарбро нишон медиҳад.

Вай таъкид кард, ки нишасти изтирории Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи ҳамлаи талофиҷӯёнаи Эрон ба Исроил ба унвони “намоиши риёкорӣ ва стандартҳои дугона” аст.

Намояндаи Русия илова кард, ки ончи имрӯз дар Шӯрои амният шоҳиди он ҳастем, намоиши нифоқ ва рафторҳои дугона ва шармовар аст.

Намояндаи Чин низ бо ишора ба иқдоми талофиҷӯёнаи низомии Эрон алайҳи Исроил гуфт: “аз иқдоми Эрон иброз нигаронии амиқ мекунем, вале Эрон таъкид кардааст, ки ин иқдом талофиҷӯёна буда ва хотима ёфтааст.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад