Ҳамос: Ҳамлаи Эрон посухи шоиста ба ҷиноятҳои Исроил буд

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ҳамлаи Эрон ба Исроил вокуниши муносиб ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ аст.

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) имрӯз якшанбе эълом кард, ки ҳамлаи низомии Эрони алайҳи режими саҳюнистӣ ҳаққи табиӣ ва посухи муносибе ба ҷинояти режими саҳюнистӣ дар ҳадаф қарор додани бинои консулгарии Эрон дар Димишқ буд.

Ҷунбиши Ҳамос афзуд: Мо бар ҳаққи табиии давлатҳову миллатҳои минтақа барои дифоъ аз худ дар баробари таҷовузоти режими саҳюнистӣ таъкид мекунем.

Муқовимати исломии Фаластин аз уммати арабӣ ва исломӣ, мардуми озодаи ҷаҳон ва неруҳои муқовимат дар минтақа хост, ки ба ҳимояти худ аз Тӯфони Ақсо идома диҳанд.

Ҳамалоти густардаи мушакӣ ва паҳподии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон алайҳи аҳдофе дарж6 манотиқи мухталифи сарзаминҳои ишғолӣ (Исроил) нимашаби гузашта сурат гирифт.

Ин амалиёт бо номи “Ваъдаи содиқ” посухе ба ҳамлаи ҷангандаҳои артиши Исроил ба бинои консулгарии Эрон дар Димишқ буд, ки тайи он генерал Муҳаммадризо Зоҳидӣ, фармондиҳи машваратчиёни эронӣ дар Сурия ва Лубнон ба ҳамроҳи 6 нафар аз ҳамразмонаш ба шаҳодат расиданд.

Дар ин амалиёт, бисёре аз паҳподҳову мушакҳои круз дар мавҷи аввал ба самти сарзаминҳои ишғолӣ партоб шуданд ва дар мавҷҳои баъдӣ, теъдоди зиёде аз мушакҳои болистики дурбурди эронӣ ба самти аҳдоф шиллик шуданд.

Тасовири бархурди пай дар пай ва дақиқи мушакҳои болистик ба аҳдофи худ ва эътирофи расонаҳои исроилӣ ба нобудии пойгоҳи ҳавоии ин режим дар саҳрои Нақб баёнгари тавонмандии таҷҳизотӣ ва тактикии Эрон ва нотавонии сомонаҳои падофандии артиши режими саҳюнистӣ дар муқобила бо онон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад