Коршиносон: Мавқеи Эрон бо ҳамла ба Исроил ҳазор баробар қавитар мешавад

Як нависандаи арабзабон бо ишора ба ин ки Эрон бо роҳбурди сабр пеш мераваду ҳисоб шуда амал мекунад, таъкид кард, ки Эрон ба унвони аввалин кишваре, ки аз 40 соли гузашта мустақиман умқи Исроилро ҳадаф қарор дод, ҷойгоҳи худро ҳазорбаробар қавитар мекунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар идомаи вокунишҳо ва таҳлилҳои расонаҳои байналмилалӣ ва арабӣ аз ҳамлаи азими шаби гузаштаи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон алайҳи мавозеи саҳюнистҳо дар Фаластини ишғолӣ, вебсайти қатарии “араби21” дар таҳлиле ба ин манзур эълом кард, ки баъд аз муддатҳо интизор аз ибтидои моҳи ҷорӣ, Эрон ба ҳамлаи Исроил алайҳи консулгарии Эрон дар Димишқ посух дод.

Ин расонаи арабӣ афзуд: Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон эълом кард, ки дар вокуниш ба ҷинояти режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ, амалиёти низомии бузурге алайҳи ин режим бо истифода аз паҳподҳо ва мушакҳо анҷом додааст ва ин паҳподҳову мушакҳо ба аҳдофи таъин шудае дар заминҳои ишғолӣ бархӯрд карданд.

Арби21 идома дод: Ҳамлаи Эрон алайҳи Исроил, саҳнаи пуртаниши минтақаро печида кард. Эрон дар ин ҳамлаи худ аз новгони бузурги паҳподие, ки дар ихтиёр дорад ба вижа паҳподҳои пешрафтаи “Шоҳид” истифода кард  Шабакаи “ABC”-и Амрико ба нақл аз манобеи худ дар Вашингтон эълом кард, ки Сипоҳи Посдорони Инқилоби исломии Эрон дар ин ҳамлаи худ аз 400 то 500 паҳпод истифода кардааст.

Ин расонаи арабӣ дар идома ба вижагиҳои паҳподҳои пешрафтаи Шоҳид пардохта эълом кард: Паҳподи Шоҳид дорои қобилиятҳои электроникӣ ва аксбардории бисёр хубе аст, зеро камераҳои он дорои фанноварии тасвирбардории ҳароратӣ ва фосилаёби лазерӣ ҳастанд.

Системаи дифои ҳавоии Исроил қодир ба муқобила бо мушакҳо ва паҳподҳои Эрон набуд

Арби21 дар идома бо ишора ба инки Эрон аҳдофи низомии режими саҳюнистиро бо диққат мавриди ҳадаф қарор дод ва филми фурудгоҳи Ромун дар Исроил ин масаъларо ба хубӣ собит мекунад, таъкид кард: Падофанди ҳавоии артиши Исроил қодир ба муқобила бо паҳподҳову мушакҳои эронӣ набуд ва саволе, ки эҷод мешавад ин аст; агар ин як ҳамлаи гузаро ва талофиҷӯёна аз сӯи Эрон алайҳи Исроил буд, пас ин режим дар як ҷанги ҳама ҷониба чӣ вазъияте хоҳад дошт?

Ҷойгоҳи Эрон бо ҳамла ба Исроил ҳазорбаробар қавитар шуд

Абду Фоид, нависанда ва коршиноси сиёсии мисрӣ дар ин замина эълом кард: Ҳар касе, ки мунтазири ҷанги бузурги минтақавӣ ва ҳамаҷониба аз сӯи Эрон аст, иштибоҳ мекунад. Бар акси дигарон, ки аҷала мекунанду дучори иштибоҳ мешаванд, Эрон сабур аст ва ҳисобшуда амал мекунад ва қудрати худро ҷамъ мекунад, ин дар ҳолест, ки кишварҳои ҳамсояи Эрон бо иқдомоти ҳисобнашуда ба шакли тадриҷӣ қудраташонро аз даст медиҳанд.

Ин нависандаи мисрӣ дар идома гуфт: Эрон қатъан аввалин кишваре аст, ки дар 40 соли гузашта ба таври мустақим аз хоки худ дохили Исроилро ҳадаф қарор медиҳад ва ба ҳамин иллат ҷойгоҳи Эрон ҳазорбаробар қавитар хоҳад шуд ва ин аввалин гом буд.

Ҳамалоти густардаи мушакӣ ва паҳподии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон алайҳи аҳдофе дар манотиқи мухталифи Исроил нимаи шаби гузашта сурат гирифт.

Ин амалиёт бо номи “Ваъдаи содиқ” посухе ба ҳамлаи ҷангандаҳои артиши Исроил ба бинои консулгарии Эрон дар Димишқ буд, ки тайи он генерал Муҳаммадризо Зоҳидӣ, фармондиҳи машваратчиёни эронӣ дар Сурия ва Лубнон ба ҳамроҳи 6 нафар аз ҳамразмонаш ба шаҳодат расиданд.

Дар ин амалиёт, бисёре аз паҳподҳову мушакҳои круз дар мавҷи аввал ба самти сарзаминҳои ишғолӣ партоб шуданд ва дар мавҷҳои баъдӣ, теъдоди зиёде аз мушакҳои болистики дурбурди эронӣ ба самти аҳдоф шиллик шуданд.

Тасовири бархурди пай дар пай ва дақиқи мушакҳои болистик ба аҳдофи худ ва эътирофи расонаҳои исроилӣ ба нобудии пойгоҳи ҳавоии ин режим дар саҳрои Нақб баёнгари тавонмандии таҷҳизотӣ ва тактикии Эрон ва нотавонии сомонаҳои падофандии артиши режими саҳюнистӣ дар муқобила бо онон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад