Посухи кӯбандаи Эрон ба режими ҷинояткори саҳюнистӣ

Режими ҷиноякори саҳюнистӣ, аввали апрел ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ пойтахти Сурия ҳамла ва шуморе аз мусташорони низомии аршади эрониро террор кард.

Бо гузашти беш аз 10 рӯз аз сукут ва саҳлангории созмонҳои байналмилалӣ ба вижа Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои маҳкумияти таҷовуз ва ҷиноятгарии режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар ҳамла ба бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ ба унвони бахше аз хоки ин кишвар ва ба шаҳодат расондани 7 тан аз мусташорони қонунии ин кишвар ва адами муҷозоти режими ҷинояткор зайли банди ҳафтуми маншури Созмони Милал; Ҷон биркфони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар посух ба ин ҷиноятҳо ва таҳаққуқи ҳушдорҳои пешин ва таъмини мутолибаи ба ҳаққи Эрон ва ба манзури танбеҳи мутаҷовиз, бо истифода аз тавонмандиҳои роҳбурдӣ иттилоотӣ, мушакӣ ва паҳподии худ ба аҳдофи низомии муҳимми артиши террористии саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳамла ва онҳоро бо муваффақият маврид исобат қарор дод ва посухи кӯбандае ба режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дод.

Посухи кӯбандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо номи “Ваъдаи Содиқ” бомдоди имрӯз якшанбе 26 фарвардин (1403 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 14 апрели 2024), оғоз шуд, ки диловармардони неруи ҳавофазои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба унвони бахше аз танбеҳи режими номашруъ ва ҷинояткор тайи амалиёте бо рамзи муқаддаси «Ё Расулаллоҳ (С)» бо муваффақият аҳдоферо дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ бо даҳҳо фарванд мӯшак ва паҳпод мавриди исобат қарор доданд, ки дар ин амалиёт, бисёре аз паҳподҳову мушакҳои Круз дар ҳамлаи аввал ба самти сарзаминҳои ишғолӣ партоб шуданд ва дар ҳамлаҳои баъдӣ, теъдоди зиёде аз мушакҳои болистики дурбурди эронӣ ба самти аҳдофи аз пеш таъйин шуда шиллик шуданд.

Тасовири бархурди пай дар пай ва дақиқи мушакҳои болистик ба аҳдофи худ ва эътирофи расонаҳои исроилӣ ба нобудии пойгоҳи ҳавоии ин режим дар саҳрои Нақб баёнгари тавонмандии таҷҳизотӣ ва тактикии Эрони исломӣ ва нотавонии сомонаҳои падофандии артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар муқобила бо онон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад