Баёнияи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон: “Режими саҳюнистӣ бо даҳҳо паҳпод ва мушак мавриди ҳадаф қарор гирифт”

Сипоҳи Посдорон дар иттилоияе эълом кард: “Дар посух ба ҷиноятҳои мутаъаддиди режими саҳюнистӣ аз ҷумла ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқ, нерӯи ҳавофазо бо шиллики даҳҳо фарванд, аҳдофе дар сарзаминҳои ишғолиро мавриди ҳадаф қарор дод.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар иттилоияе аз посухи диловармардони нерӯи ҳавофазои Сипоҳ ба ҷиноятҳои ахири режими хабиси саҳюнистӣ дар ҳамла ба бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ ва ба шаҳодат расондани ҷамъе аз фармондеҳон ва мусташорони низомии кишварамон дар Сурия, аз шиллик ва исобати муваффақи даҳҳо фарванд мушак ва паҳпод ба аҳдофи даруни сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.

Матни иттилоияи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба ин шарҳ аст:

بسم الله الرحمن الرحیم
إِنَّا مِنَ الْمُجْرِمِینَ مُنْتَقِمُونَ

Ҳатман мо аз муҷримон интиқомгирандаем.
Сураи Саҷда ояти 22

Миллати шарифу шаҳидпарвари Эрони исломӣ
Дар посух ба ҷиноятҳои мутааддиди режими хабиси саҳюнистӣ аз ҷумла ҳамла ба бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ ва шаҳодати фармондеҳону мусташорони низомии Эрон, бомдоди имрӯз якшанбе 26 фарвардин (1403 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 14 апрели 2024), диловармардони неруи ҳавофазои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба унвони бахше аз танбеҳи он режими номашруъ ва ҷинояткор тайи амалиёти «Ваъдаи содиқ» бо рамзи муқаддас «Ё Расулаллоҳ (С)» бо муваффақият аҳдоферо дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ бо даҳҳо фарванд мӯшак ва паҳпод мавриди исобат қарор доданд.

Ҷузъиёти ин амалиёт, ки бо мусаввабаи Шурои Олии Амнияти Миллӣ ва зери назари Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ ва бо ҳимоят ва ҳамроҳии ғаюрмардони артиши Ҷумҳурии Исломӣ ва пуштибонии Вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳ анҷом пазируфт, ба зудӣ ба истеҳзори мардуми қаҳрамони Эрон ва озодагони ҷаҳон хоҳад расид.

وَمَا النَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ الْعَزِیزِ الْحَکِیمِ
Ва нест пирӯзӣ ҷуз аз назди Худои азизу ҳаким
Сураи Оли Имрон ояти 126

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад