Бархӯрди ракетаҳои Эрон ба мавзеъҳои ишғолгарон

Дар посух ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Сурия ва кушта шудани теъдоде аз кормандони ин кишвар, шаби гузашта Ҷумҳурии Исломӣ аҳдоферо дар хоки Исроил ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, шаби гузашта дар посух ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Сурия ва кушта шудани теъдоде аз кормандони ин кишвар, Теҳрон аҳдоферо дар хоки Исроил ҳадаф қарор дод.

Тасовир ва наворҳои нашр шуда аз Исроил аз бархӯрди дақиқи ракетаҳо ва паҳподҳои эронӣ ба аҳдофи аз пеш таъин шуда хабар медиҳад.

Тибқи гузоришҳо, бо вуҷуди кумаки кишварҳои Амрико, Инглис, Фаронса ва Урдун ба Исроил барои маҳор кардани паҳподҳо ва ракетаҳои эронӣ, аммо тасовир ва наворҳои мухталиф бархӯрд ба аҳдофро нишон медиҳад.

 

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад