Эрон режими ҷинояткори саҳюнистиро танбеҳ кард!

Эрон дар соатҳои аввали рӯзи 14 апрел аз ҳамла ба Исроил хабар дод. Сухангӯи артиши Исроил ҳам эълон кард, ки ҳамлаҳои паҳбодӣ аз Эрон ба тарафи Исроил оғоз шудааст.

Сипоҳи посдорони Эрон бо нашри хабарномае эълон кард, ки даҳҳо паҳбод ва мушак ба тарафи Исроил партоб кардааст.

Сипоҳи посдорони Эрон дар баёнияи худ гуфтааст. ки ҳамлаҳо дар посух ба ҳамлаҳои гуногуни Исроил, аз ҷумла, ба бахши консулии Сафорати Эрон дар Димишқ ва шаҳодати шуморе аз фармондеҳон ва мушовирони низомӣ анҷом шудааст.

Ин баёния меафзояд, ки нерӯҳои фазоии Сипоҳ ҷойҳои муайянеро бо партоби даҳҳо паҳбод дар дохили Исроил ҳадаф қарор додааст.

Дар ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба консулгарии Эрон дар Димишқ дар ду ҳафтаи пеш, Муҳаммадризо Зоҳидӣ, аз фармондеҳони баландпояи нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорон ҳамроҳ бо шаш узви дигари ин нерӯ шаҳид шуданд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи артиши Исроил гуфт, ки ҳамлаҳои паҳбодӣ аз Эрон ба тарафи Исроил оғоз шудааст. Ӯ гуфт, ки паҳбодҳои партобшуда аз Эрон чанд соат баъд ба Исроил хоҳад расид.

Сухангӯи артиши Исроил афзуд, “мо таҳдидро пайгирӣ мекунем. Артиш аз қабл барои чунин вазъияте омода шуда буд”.

Тибқи гузоришҳо, Амрико, Бритониё ва бархе кишварҳои минтақа, аз ҷумла Урдун гуфтаанд, ки дар роҳгирии паҳбодҳо ба Исроил кӯмак мекунанд.

“Ню-Йорк Таймз” ба нақл аз манбаъҳои исроилӣ навишт, паҳбодҳо ва мушакҳое низ аз сӯи гурӯҳҳои тарафдори Эрон аз Ироқ ба тарафи Исроил партоб шудаанд. Хабаргузориҳо ҳамчунин аз ҳамлаи паҳбодӣ аз Яман ба Исроил хабар доданд.

Як мақоми баландпояи амрикоӣ ба шабакаи ABC гуфтааст, тахмини Амрико ин аст, ки байни 400 то 500 паҳбод ва мушак ба тарафи Исроил равон шудааст.

Шуморе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Ироқ, Лубнон ва Урдун эълон карданд, ки ҳарими ҳавоии худро ба таври муваққат ба рӯи парвозҳои дохилӣ ва хориҷӣ бастаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад