Афзоиши шумори талафоти ҳамлаи Украина ба Запорожё

Фармондори Запорожё аз афзоиши талафоти ҳамлаи ахири артиши Украина ба минтақаи Запорожё хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, бо идомаи амалиёти имдод ва ҷустуҷӯ, шумори куштаҳои ҳамлаи Украина ба Запорожё ба 10 тан афзоиш ёфтааст

Евгений Балитский, фармондори Запорожё рӯзи шанбе эълом кард, ки теъдоди кушташудагони ҳамлаи рӯзи ҷумъаи Украина ба шаҳри Томак дар ин минтақа ба 10 нафар афзоиш ёфтааст.

Евгений Балитский, фармондори Запорожё пештар гуфта буд, ки ҳашт нафар дар ин ҳамла кушта шудаанд.

Фармондори Запорожё дар пёме дар канали телеграмии худ навишт: теъдоди кушта шудагони ҳамлаи террористии Украина ба Томак ба 10 нафар афзоиш ёфт, зеро имдодгарон аҷсоди як бузургсол ва як кӯдакро аз зери овор берун овардаанд. Ду нафари дигар мафқуд ҳастанд.

Ба гуфтаи Евгений Балитский, фармондори Запорожё амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар маҳалли вуқӯъи ин ҳамла идома дорад.

Неруҳои артиши Украина бомдоди имрӯз шанбе манотиқи маскунӣ ва ғайри низомии ин минтақаро гулӯлаборон карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад