Ҳушдори КҲФ аз се рӯзи хатарнок дар кишвар

Кумита мегӯяд, хавфи сар задани офатҳои табиӣ аз ҳама беш ба қисмати ғарби ВМКБ, як қатор ноҳияҳои Хатлону Суғд ва НТҶ таҳдид мекунад.

Кумита мегӯяд, хавфи сар задани офатҳои табиӣ аз ҳама беш ба қисмати ғарби ВМКБ, як қатор ноҳияҳои Хатлону Суғд ва НТҶ таҳдид мекунад.

Ба гузориши манбаъ: 

Дар Тоҷикистон се рӯзи оянда бинобар хавфи омадани селу тарма хатарнок хоҳанд буд.

Дар ин бора Кумитиа ҳолатҳои фавқулода хабар дод. Манбаъ бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар гуфт, рӯзҳои 13 -15 апрел дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ҳамчунин қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Баахшон хавфи омадани сел мавҷуд аст.

Илова бар ин, рӯзи 15 апрел ба ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон низ селфароӣ таҳдид мекунад, мегӯяд КҲФ.

Дар хабари КҲФ омадааст:

“Бар асари боришот баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дар назар аст”.

Дар робита ба ин, Кумита аз аҳлӣ хост дар ин рӯзҳо аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, моҳидорӣ, ҷаъоварии занбурӯғ худдорӣ кунанд.

Илова бар ин, аз волидон дархост шуд, ки махсус дар се рӯзи оянда фарзандҳои худро беназорат нагузоранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад