Манъи идгардак дар Тоҷикистон!!!

Дар дастури мақомот барои манъи идгардак омадааст, ки ин анъана хоси тоҷикон нест, аммо бархе аз корбарон ин иқдомро маҳрум кардани кӯдакон аз шодӣ хонданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, волидайни мактаббачагони чанде аз макотиби шаҳри Душанберо ҳушдор додаанд, ки фарзандонашонро нагузоранд, ба идгардак раванд, дар акси ҳол муҷозот хоҳанд шуд.

Чанде аз падару модарон дар сӯҳбат худ бо Спутники Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои ба “идгардак” нарафтани фарзандонашон аз ҷониби омӯзгорон огоҳӣ гирифтаанд.

Яке аз мусоҳибон-Фаррух, мегӯяд ӯро ба мактаб даъват карданд ва ӯ барои ба “идгардак” нарафтани фарзандонаш баёнот навистааст.

Вай гуфтааст: “Фарзандам омада гуфт, ки пагоҳ бояд ба мактаб равам ва баёнот нависам, ки писари ман ба “идгардак” намеравад. Дар ҳолати “идгардак” кардани фарзандам ҳам ман ва ҳам омӯзгор ҷарима мешудаст. Мегӯянд ин фармони Вазорати маориф будааст”.

Дар ҳамин ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ сокинон аз манъ кардани “идгардак” барои кӯдакон шиква ва норозигӣ карданд. Аксарият бар он назаранд, ки манъи “идгардак”-и кӯдакон кори хубе набуда даъват намуданд то онҳоро аз ин шодӣ маҳрум накунанд.

Дар як дастури Вазорати маориф ва илми кишвар ба унвонии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, гуфта мешавад, ки кормандону омӯзгорони макотибҳои кишвар бояд баҳри пешгирӣ намудани “идгардак” чораҳо андешанд.

Дар баёнияи вазорат омадааст: “Ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани маросим ё анъанаҳои “идгардак”, ки дар рӯзҳои идҳои Қурбон ва Рамазон аз ҷониби калонсолони ва кӯдакони хонавода ва ҳамсояҳо доир мегардад ва хоси мо нест, тадбирҳо андешида шаванд”.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола баъди ба итмом расидани рӯзадорӣ дар рӯзи иди Рамазон кӯдакон ба хонаи ҳамсоягону хешу ақрабо рафта эшонро бо фарорасии ид муборакбод мегӯянд. Соли равон иди Фитр 10 апрел дар назар аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад