Haaretz: Ин масъалаи зиндагиву марг аст, ҷанг бояд хотима ёбад

Як расонаи ибризабон дар сояи шикасти режими ишғолгари Исроил дар муқобили муқовимати Фаластин, хостори таваққуфи ҷанг дар Навори Ғазза ва барканории нахуствазири режим саҳюнистӣ шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, рӯзнома Ҳааретс (Haaretz) дар сармақолаи худ навишт: Беняин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил масъули аслии ҳузури 133 исроилӣ дар асорат ба муддати шаш моҳ аст.

Ин рӯзнома гузориш дод: Нетаняҳу бо сиёсатҳои номуваффақи худ дар ибтидо иҷозаи боздошти онҳоро дода ва бо тафовутии худ аз ҳафтуми октябр то кунун далели мондани онҳо дар асорат будааст. Ин масъала ниёзи мубрам ба тағйири вайро нишон медиҳад.

Ҳааретс дар идома овардааст: Нетаняҳу танҳо забони қудрати сиёсиро мефаҳмад имрӯз касоне, ки бар ӯ қудрати сиёсӣ эъмол мекунанд, танҳо ифротиҳои ростгаро ҳастанд, ки ҳатто ба қимати ҷони асирон барои идомаи ҷанг фишор меоваранд.

Ин рӯзнома аз сокинони сарзаминҳои ишғолӣ хост то бо хонаводаҳои асирон ҳамроҳ шаванд ва ба кабина эълом кунанд, ки иҷозаи эъмоли протокол “Ҳанибал” алайҳи 133 асир дар Навори Ғаззаро надорад.

Дастуруламали Ҳанибал ё протоколи Ҳанибал номи як равияи баҳс барангезест, ки тавассути неруҳои низомии режими саҳюнистӣ барои ҷилавгирӣ аз дастгирии сарбозони саҳюнистӣ тавассути неруҳои “душман” истифода мешавад.

Ҳааретс дар поён навишт: 6 моҳ аз он рӯзи ваҳшатноки Исроил мегузарад ва аз он замон вазъияти исроилиҳо бадтар мешавад, ҷанг бояд поён ёбад, асирон бояд баргарданду Нетаняҳу бояд биравад. Мавзӯъ маргу зиндагӣ мебошад.

Ин рӯзҳо ва дар пайи шикасти режими саҳюнистӣ дар муқобили муқовимати Фаластин, интиқодот аз кабинаи ин режим ба раҳбарии Нетаняҳу ва аъзои ҷиноҳи ростиифротӣ боло гирифтааст ва бархе мақомоти расмӣ ва сокинони сарзаминҳои ишғолӣ хостори барканории ин кабина ва баргузарии интихобот ҳастанд.

Муқовимати Фаластин ба раҳбарии Ҳамос дар сапеда дами ҳафтуми октябр амалиёти мунҳасир ба фардеро бо ҳамла ба шаҳракҳои саҳюнистнишини минтақаи “Ғилофи Ғазза” оғоз кард ва даҳҳо саҳюнистро ба асорат гирифт. Коршиносон ин амалиётро як шикасти роҳбурдӣ барои режими саҳюнистӣ ва артиши “афсонавӣ”-и иддао шудаи ин режим арзёбӣ мекунанд.

Амалиёти “Тӯфони Ақсо, муқовимати Фаластин дар канори дастовардҳои низомӣ, мунҷар ба намоён шудани кӯҳи яхи ихтилофоти сиёсӣ миёни мақомоти режими саҳюнистӣ шудааст; тавре ки камтар рӯзеро метавон дид, ки саҳюнистҳо ба якдигар наметозанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад