Тирпарронӣ ба сӯи намозгузорон дар вилояти Фароҳи Афғонистон

Манобеъи маҳаллӣ дар ҷанубу ғарби Афғонистон эълом карданд, ки афроди ношинос дар шаҳри "Пашткӯҳ"-и вилояти Фароҳ ба сӯи намозгузорон тирпаронӣ кардаанд.

Манобеъ дар Фароҳ эълом карданд, ки бар асари тирандозии афроди номаълум ба сӯи намозгузорони масҷиди “Котувалӣ” дар шаҳри Пушткӯҳи ин вилоят як нафар кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, афроди мусаллаҳ тавонистаанд аз маҳал фирор кунанд ва ангезаи тирпарронӣ рӯшан нест.

Бархе расонаҳо дар Афғонистон эълон карданд, ки Ҳоҷӣ Муҳаммад Акбари Руфӣ, узви собиқи ҳизби исломии Ҳикматёр дар миёни кушташудагон аст.

Мақомоти Фароҳ ин ҳодисаро таъйид мекунад, аммо ҷузъиёти бештаре ироа накарданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад