Шӯрои ҳуқуқи башар хостори таҳрими таслеҳотии Исроил шуд

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки хостори мутаваққиф кардани фурӯши анвои силоҳ ба Исроил аст ва дар бораи вуқуъи “наслкушӣ” дар ҷанги Ғазза ҳушдор медиҳад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид (СММ) имрӯз ҷумъа бо тасвиби қатъномае зимни ҳушдор дар бораи эҳтимоли вуқуъи “наслкушӣ дар Ғазза” хостори таваққуфи фурӯши анвои силоҳ ба Исроил шуд.

Ин қатънома имрӯз бо 47 раъйи мувофиқ, 6 раъйи мухолиф ва 13 раъйи бетараф ба тасвиб расид ва дар ҳукми нахустини эъломи мавзеъ аз сӯи ин шӯро дар қиболи ҷанги Ғазза ба шумор меравад.

Дар матни қатъномаи мазкӯр “истифода аз силоҳҳои инфиҷории дорои асароти фарогир” дар минтақаҳои пурҷамъияти Навори Ғазза тавассути Исроил маҳкум шуда ва аз ин режим хоста шуд “ба тааҳҳудоти қонунии худ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз наслкушӣ” дар Ғазза пойбанд бошад.

Матни ин қатънома ба намояндагӣ аз 55 кишвар аз миёни 56 узви Созмони Ҳамкории Исломӣ ба ин шӯрои ироа шудааст. Боливия, Кубо ва намояндагии ташкилоти худгардони Фаластин дар Женева низ аз ҳомиёни ин қатънома буданд.

Илова бар ин, дар матни ин санад аз режими Исроил хоста шуда ба ишғолгарӣ дар арозии ишғолии Фаластин поён диҳад ва фавран ба “муҳосираи ғайриқонунӣ” дар Навори Ғазза поён диҳад ва тамомии дигар анвои “танбеҳи ҷамъӣ”-ро низ канор бигузорад.

Қатъномаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ илова бар ин аз кишварҳо хостааст фуруш ё интиқоли силоҳ, муҳимот ва соири таҷҳизоти низомӣ ба Исроилро мутаваққиф кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад