Талафоти сангини саҳюнистҳо аз оғози “Тӯфони Ал-Ақсо” то кунун

Ба гузориши хабаргузории Фаластин Ал-Явм, расонаҳои режими саҳюнистӣ ба шумори низомиёни захмии ин режим аз ҳафтуми октябр, оғози "Тӯфони Ал-Ақсо" токунун ишора карданд.

Манобеи вобаста ба режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ аз ҳалокати як низомии дигари ин режим дар ҷараёни набард бо муборизони муқовимати исломии Фаластин дар Ғазза хабар доданд.

Артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ эълом кард, ки як низомии вобаста ба гурдони 77 дар ҷараёни даргириҳои ҷануби Навори Ғазза кушта шудааст.

Расонаҳои режими ҷинояткори саҳюнистӣ эълом карданд, ки шумори низомиёни кушташудаи артиши ин режим ба 600 нафар афзоиш ёфтааст.

Манобеи саҳюнистӣ баён карданд, ки аз ин миён 264 низомӣ аз оғози амалиёти заминӣ дар Навори Ғазза кушта шудаанд.

Пеш аз ин низ артиши режими манҳус ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба захмӣ шудани 3 ҳазор ва 160 афсар ва низомии ин режим аз замони оғози Тӯфони Ал-Ақсо” ишора ва эълом карда буд, ки 1523 нафар аз онҳо дар ҷараёни ҳамлаи заминӣ ба Навори Ғазза захмӣ шудаанд.

Чанд расонаи саҳюнистӣ токунун ба сонсури шадиди артиши ин режим дар эъломи омори талафоти худ ишора кардаанд; Иқдоме, ки ба далели шумори болои талафоти низомиёни саҳюнистӣ дар ҷанги алайҳи Навори Ғазза ва тарс аз вокунишҳои бештари дохилӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ (Фаластин) анҷом гирифтааст.

Расонаҳои саҳюнистӣ пештар фош карданд, ки омори захмиҳое, ки артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ эълом мекунад, бо оморе, ки бемористонҳои ин режим ироа медиҳанд, ихтилофи зиёде дорад.

Шабакаи 12 режими саҳюнистӣ пештар эълом карда буд, ки артиши ин режим аз мақомоти бемористонҳо хостааст то бидуни ҳамоҳангӣ бо артиш, ҳеҷ оморе аз талафот мунташир накунанд.

Дар ҳамин робита Яир Лапид нахуствазири пешини режими хуношоми саҳюнистӣ ва раиси аҳзоби мухолифи кобинаи феълии ин режим гуфт: танҳо чизе, ки барои Нетаняҳу муҳим аст, мондан дар мансаби нахуствазирӣ ва ҳифзи курсии худ аст.

Лапид, ки дар тазоҳуроти муқобили Кнессет дар Қудси ишғолӣ алайҳи Нетаняҳу баргузор шуд, афзуд: интихоботи зудҳангом бархилофи иддаои Нетаняҳу Исроилро фалаҷ намекунад чаро, ки Исроил ҳамокунун бо вуҷуди кобинаи ӯ фалаҷ шуда ва аз ҳам фурӯпошидааст.

Вай хитоб ба Нетаняҳу гуфт: набард бо муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), музокираи мубодилаи усаро, ҷабҳаи шимол ва авзои кобина ба иллати зимомдории ту фалаҷ ва шикаст хӯрдааст.

Ин изҳороти Лапид дар ҳоле аст, ки расонаҳои режими палили саҳюнистӣ аз боздошти шуморе аз тазоҳуроткунандагон муқобили Кнессет дар Қудси ишғолӣ хабар доданд.

Ёдовар мешавад даҳҳо ҳазор нафар аз исроилиҳои мӯътариз аз дирӯз якшанбе дар баробари мақарри Кнессет дар Қудси ишғолӣ таҷаммӯъ карданд. Онон барномаи эътирозии густурдаеро барои як ҳафтаи оянда тадорук дидаанд.

Рӯзнома исроилии Ҳюм дар гузорише дар ин робита эълом кард: қарор аст ин барномаи эътирозомез дар тӯли ҳафта ва то рӯзи чаҳоршанбе, ки Кнессет ба таътилоти тобистонӣ меравад, идома пайдо кунад.

Мӯътаризон дар эътирозҳои худ хоҳони инҳилоли кобина ва баргузории интихоботи зудрас ва сареъ дар соли ҷорӣ хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи тартиб диҳандагон ин эътирозот, мӯътаризон аз тамоми нуқоти (Фаластин) ва аз тайфҳои мухталифи сиёсӣ ҳузур доранд ва хостори баргузории интихобот ҳастанд зеро бар ин боваранд, ки кобинаи феълӣ баъд аз 7 октябр “Тӯфони Ал-Ақсо” машрӯъияти худро аз даст додааст.

Дар ҳамин росто рӯзномаи Ҳааретс ҳам гузориш дод аз рӯзи якшанбе аввалин чолиши бузург ва ҷиддӣ аз замони оғози ҷанги Навори Ғазза байни ҷараёни эътирозӣ ва кобинаи Исроил шакл хоҳад гирифт ва мӯътаризон дар наздики Кнессет чодар хоҳанд зад ва барои чаҳор рӯз ин эътирозоти худро ба авҷ хоҳанд расонд дар ҳоле, ки баъд аз ҳаводиси 7 октябр мӯътаризон талош карданд то ба гунае ба ҷабҳа ва пушти ҷабҳа кумак кунанд ва мавҷи эътирозоти худро барои ҳимоят аз ҷанг коҳиш диҳанд, аммо дар ҳоли ҳозир мухолифон умедвор ҳастанд, ки аз тазоҳуроти бисёр густурдаи худ ба унвони нуқтаи оғозини мубориза дар давраи тобистон истифода кунанд. Қудс ба унвони нуқтаи конунии эътирозот интихоб шудааст.

Аз ибтидои ҷанг шуморе аз хонаводаи қурбониёни 7 октябр дар муқобили Кнессет чодар зада буданд ва талош мекарданд то эътирозоти васеътареро сомон диҳанд, аммо муваффақ ба анҷоми он нашуданд.

Аз сӯи дигар шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ ҳам эълом кард шумори қобили таваҷҷуҳе аз ширкатҳо ба кормандони худ иҷоза додаанд то дар тазоҳуроти густурдае, ки дар баробари Кнессет баргузор мешавад, ҳузур пайдо кунанд, ки аз миёни онҳо метавон ба ширкати борбрии дарёии исроилии Зим ишора кард, ки киштиҳояш дар дарёӣ Сурх мавриди ҳадаф қарор гирифта ва зиёнҳои шадиде то ба имрӯз мутаҳаммил шудааст.

Ҳамчунин анҷумани фаъолони иқтисодие, ки дар бар гирандаи ҳудуди 200 нафар аз аслитарин фаъолони иқтисодии исроилӣ аст, дар баёнияе эълом кард тамоми кормандон ва коргарон иҷоза доранд дар ин рӯз маҳалли кори худро тарк ва дар ин эътирозот ширкат кунанд ва ба ҳамин манзур автобусҳое барои интиқоли мӯътаризон ба Қудс тадорук дида шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад