Ҷанги Ғазза ва шикасти шармовари зургӯёну ҷинояткорон дар СММ

Сарфи назар аз инки қатъномаи тасвибшуда дар Шӯрои амният дар бораи оташбас дар Ғазза иҷро шавад ё на, ин қатънома шикасти сиёсии Амрико ва режими саҳюнистӣ буд ва метавонад фишорҳои афкори умумии ҷаҳонӣ алайҳи режими саҳюнистиро афзоиш диҳад. Қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал аз назари қонунӣ илзомовар ҳастанд. Агарчи раванди иҷрои Созмони Милал маҳдуд ҳастанд, аммо Шӯрои амният метавонад ба паштвонаи қатъномаи ҳуқуқии содиршуда, иқдомоти танбеҳии бештаре алайҳи режими саҳюнистӣ содир кунад ва дар сурати адами иҷрои қатънома, нокоромадӣ ва беэътибории Шӯрои амниятро ташдид хоҳад кард.

Саранҷом пас аз наздик ба 6 моҳ аз ҷанги Исроил дар Ғазза, аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милал бидуни ветои Амрико бо қатъномае барои барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза мувофиқат карданд. Ин қатънома дар воқеъ як иҷмои байналмилалӣ ва навъе созмонедеҳӣ ва сафирон аъзои доим ва ғайридоими ин шӯро дар баробари Амрико ташкил шуд. Амрико дар пайи чунин шароите, талош кард ба ҷои мухолифат бо ин қатънома ва ветои қатъномаи барқарории оташбас дар Ғазза барои чаҳорумин, бахшҳое аз қатъномаи пешниҳодии 10 узви ғайридоимро тағйир диҳад ва ба он мафодеро изофа кунад, ки худ низ бо матни қатъномаи пешниҳодӣ мувофиқ бошад. Аз ин рӯ, фазои Шӯрои амният барои аввалин бор пас аз наздик ба 6 моҳ ҷанг дар Ғазза, барои тасвиби қатъномаи барқарории оташбас дар Ғазза мусбат буд ва Амрико бо ин қатънома мухолифат накард ва раъйи мумтанеъ эълон намуд. Қатъномаи пешниҳодии 10 узви ғайридоими Шӯрои амният тавонист раъйи мусбати 14 узв аз 15 узви Шӯрои амнияти Созмони Милалро касб кунад ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ба ин қатънома раъйи мумтанеъ дод ва бо адами истифода аз ҳаққи ветои худ, сабаб шуд қатъномаи барқарории оташбас дар Ғазза ба тасвиб бирасад.

Шӯрои амнияти 15 узвии Созмони Милали Муттаҳид дар ин қатъномаи 3 бандӣ, хостори оташбаси фаврӣ байни режими саҳюнистӣ ва гурӯҳи фаластинии Ҳамос дар Ғазза ва озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти ҳамаи асирон шудааст. Ин қатънома хостори иҷрои оташбаси фаврӣ дар Ғазза дар моҳи мубораки Рамазон шуда ва гуфтааст: оташбаси фаврӣ дар моҳи мубораки Рамазон тавассути ҳамаи тарафҳо риоят шавад, ки сабаби оташбаси пойдор мешавад. Ҳамчунин ин қатънома хостори озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти ҳамаи гаравгонҳо ва тазмини дастрасии башардӯстона барои рафъи ниёзҳои пизишкӣ ва соири ниёзҳои башардӯстонаи онҳо шудааст ва аз тарафайн мехоҳад ба тааҳҳудҳои худ таҳти қавонини байналмилалӣ оиди тамоми афроди боздоштӣ, амал кунанд.

Рӯйкарди Русия

Асили Небензё, сафир ва намояндаи Русия дар Созмони Милал дар нишасти Шӯрои амният дар бораи ин қатънома гуфт: мутаассифона ончи пас аз поёни ин муддат иттифоқ меафтад, номушаххас аст; зеро калимаи “пойдор”-ро метавон ба шиваҳои мухталиф тафсир кард. Онҳое, ки аз Исроил ҳимоят мекунанд, ҳанӯз ҳам мехоҳанд, дасти онро озод бигузоранд. Небензё гуфт, ки истифода аз калимаи “доимӣ” барои оташбас беҳтар буд. Мо аз инки дар изофа кардани ин калима муваффақ нашудем ва ноумед шудем; бо ин вуҷуд, мо мӯътақидем, ки асосан шӯро бояд барои дастёбӣ ба оташбаси доимӣ дар Ғазза ба кори худ идома диҳад.

Рӯйкарди Чин

Сафир ва намояндаи Чин дар Созмони Милал низ эълон кард, ки мавзеи Пекин дар мавриди дархости оташбас аз ҳамон ибтидо мушаххас будааст. Жонг Ҷун, сафири Чин дар Созмони Милал дар ин нишасти Шӯрои амният гуфт: пас аз ветои мукаррари иқдомоти шӯро, Вашингтон дар ниҳоят тасмим гирифт монеъ аз иҷрои хостаҳои шӯро барои оташбаси фаврӣ нашавад. Бо вуҷуди ҳамаи инҳо, Амрико ҳамчунон саъй мекунад анвои баҳонаҳоро биёбад ва ба Чин иттиҳомот ворид кунад.

Ӯ афзуд: чашмҳои ҷомеаи байналмилал боз ва огоҳ аст ва иттиҳомоти Амрико ғайри қобили дифоъ аст. Наздик ба шаш моҳ пас аз шуруи даргирии Ғазза, беш аз 32 ҳазор ғайринизомӣ бегуноҳ ҷони худро аз даст додаанд. Сафири Чин дар Созмони Милал гуфт: барои зиндагиҳое, ки аз даст рафтанд, қатъномаи имрӯзи Шӯрои амният хеле дер содир шуд, аммо барои миллионҳо нафар аз мардуми Ғазза, ки дар як фоҷеаи инсонии бесобиқа ҳузур доранд, ин қатънома, агар ба таври комил ва муассир иҷро шавад, ҳамчунон метавонад умедеро, ки муддатҳо интизорашро мекашиданд, ба армуғон оварад.

Рӯйкарди режими ғосиби саҳюнистӣ

Дар пайи тасвиби қатъномаи барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони Милал, дафтари Бенёмин Нетанёҳу, нахуствазири режими Исроил дар ин бора эълон кард: сафари ҳайати Исроил ба Вашингтон, ки қарор буд дар бораи амалиёти низомӣ дар Рафаҳ ройзанӣ кунад, лағв шуд. Дафтари Нетанёҳу дар ин баёния эълон кард: Амрико аз мавозеи қотеи худ ақибнишинӣ кардааст ва ҳайати исроилӣ ба Вашингтон нахоҳад рафт. Ин иқдоми Амрико ба талошҳо барои озодии асирон латма мезанад; зеро ҳомили паёме барои Ҳамос аст, ки фишорҳои байналмилалӣ иҷозаи дастёбӣ ба тавофуқи оташбас бидуни озодии асиронро хоҳад дод.

Исроил Котс, вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ гуфт, ки ин режим ба ҳамлаҳояш ба Навори Ғазза идома хоҳад дод. Котс дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: “Исроил ҷангро мутаваққиф нахоҳад кард ва Ҳамосро нобуд мекунад. Ҷанг то бозгашти охирин асир идома хоҳад ёфт.”

Рӯйкарди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҷак Соливон, мушовири амнияти миллии Кохи сафед дар пайи тасвиби қатъномаи барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза гуфтугӯ ва эълон кард: мо гуфтугӯи созандае дар бораи беҳтарин роҳи тазмини шикасти пойдори Ҳамос дар Ғазза доштем. Ман ҳимояти қотеи Байденро аз амнияти Исроил дар баробари ҳамаи таҳдидҳо аз ҷумла Эрон, эълон кардам.

Ҷон Кербӣ, сухангӯ ва ҳамоҳангкунандаи иртибототи стратегии Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед низ гуфт: “мо ҳеҷ нишонае оиди инки исроилиҳо дар ҳоли омодагӣ барои анҷоми амалиёти заминӣ дар Рафаҳ дар чанд рӯзи оянда ҳастанд, надидаем. Дар ҳоли ҳозир мантиқӣ нест, ки ин иттифоқ дар рӯзҳои оянда рух диҳад.” Кербӣ дар айини ҳол афзуд: “ҳеҷ чизе дар мавриди дидгоҳи мо оиди ҳамлаи заминии густарда дар Рафаҳ як иштибоҳи бузург аст, тағйир накардааст.”

Аммо Матио Милер, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико иддао кард: “қатъномаи имрӯзи Шӯрои амнияти Созмони Милал илзомовар нест ва иҷрои он аз тариқи музокирот анҷом хоҳад шуд.” Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи раъйи мумтанеи кишвараш ба ин қатънома гуфт: “мо ба он раъй надодем; аммо забони ин қатънома бо мавозеи Амрико ҳамсӯ буд.” Милер тасреҳ кард: “адами маҳкумияти ҳамлаи ҳафтуми октябри Ҳамос ба Исроил яке аз далелҳое буд, ки боис шуд Амрико аз раъйи мусбат ба ин қатънома худдорӣ кунад.” Вай гуфт: “ба ин далел аст, ки мо ба он раъй надодем. Аммо далели инки мо онро вето накардем, ин буд, ки дар он қатънома низ мавориде вуҷуд дорад, ки бо мавзеи баландмуддати мо, ки шомили оташбас ва озодии гаравгонҳо низ мешавад, мутобиқат дорад. Мо медонем, ки мавзеи давлати Исроил низ ҳамин аст.”

Рӯйкарди дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Антониг Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид билофосила пас аз тасвиби ин қатънома эълон кард, ки Шӯрои амният қатъномае дар мавриди Ғазза, ки муддатҳо интизори он мерафт ба тасвиб расонд, ки хостори оташбаси фаврӣ ва озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти ҳамаи гаравгонҳо аст. Вай гуфт: “ин қатънома бояд иҷро шавад. Адами иҷрои он нобахшуданӣ хоҳад буд.”

Таҳлил

Сарфи назар аз инки қатъномаи тасвибшуда дар Шӯрои амният дар амал иҷро шавад ё на, ин қатънома шикасти сиёсии Амрико ва режими саҳюнистӣ буд ва метавонад фишорҳои афкори умумии ҷаҳонӣ алайҳи режими саҳюнистиро афзоиш диҳад. Қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал аз назари қонунӣ илзомовар ҳастанд. Агарчи раванди иҷрои Созмони Милал маҳдуд ҳастанд, аммо Шӯрои амният метавонад ба паштвонаи қатъномаи ҳуқуқии содиршуда, иқдомоти танбеҳии бештаре алайҳи режими саҳюнистӣ содир кунад ва дар сурати адами иҷрои қатънома, нокоромадӣ ва беэътибории Шӯрои амниятро ташдид хоҳад кард. Чароки акнун мардуми Ғазза ва ҷаҳон натанҳо дар интизори иҷрои ҳар чӣ сареътари ин қатънома аст; балки хоҳони доимӣ шудани ин оташбас ва поёни ҷанг дар Ғазза аст. Воқеияти майдон ин аст, ки режими саҳюнистӣ ба рағми судури қатъномаи Шӯрои амнияти байналмилал дар бораи оташбас дар моҳи мубораки Рамазон, ба иртикоби ҷиноятҳои худ алайҳи шаҳрвандони фаластинӣ идома медиҳад; зеро ин режими кӯдаккуш, худро фароқонун медонад ва ҳатто ба қонунҳои Шӯрои амният ҳам пойбанд нест.

Паёмадҳои тасвиби қатънома

  1. Фазои Шӯрои амният дар ҳангоми баррасӣ ва тасвиби ин қатънома ошкоро зидди режими саҳюнистӣ буд. Тақрибан ҳамаи аъзои Шӯрои амният дар бораи вазъияти вахими Ғазза ибрози нигаронӣ карданд. Яке аз сабабҳои аслии асабонияти мақомоти саҳюнист аз ин қатънома низ марбут ба ҳамин фазои ғолиби зидди саҳюнистӣ аст.
  2. Тасвиби ин қатънома як шикасти шамовар барои Амрико буд. Расади рафторҳо ва изҳороти мақомоти амрикоӣ гӯёи ин аст, ки давлати Ҷо Байден дар муқобили режими саҳюнистӣ дармонда шудааст. Давлати Байден аз як сӯ аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ҳимоят мекунад ва аз сӯи дигар бо таваҷҷуҳ ба вахомати шадиди авзои инсонӣ дар Ғазза ва фишорҳои ҷаҳонӣ, хостори ирсоли кумакҳои башардӯстона аст. Ин таноқузи ошкор дар рӯйкарди Амрико дар қиболи ҷанги Ғазза аст. Аз сӯи дигар, Амрико барои костан аз фишорҳои ҷаҳонии шаклгирифта алайҳи ин кишвар ночор шуд ба қатъномаи пешниҳодӣ дар Шӯрои амният раъйи мумтанеъ диҳад ва дар айини ҳол, пас аз тасвиби ин қатънома, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико муддаӣ шуд ин қатънома илзомовар нест; бинобарин аз як сӯ вето накардани қатънома сабаби аланӣ шудани ихтилоф миёни режими саҳюнистӣ ва Амрико шуд ва аз сӯи дигар костан аз вазни қатънома ва Шӯрои амният низ сабаби шиддат гирифтани интиқодҳо аз ин изҳори назари сафири Амрико шуд.
  3. Тасвиби ин қатънома пирӯзии сиёсии муҳиме барои ҷунбиши Ҳамоси Фаластин буд, чароки Ҳамос дар ин қатънома маҳкум нашуд. Қатънома бар оташбаси фаврӣ ва ҳамчунин ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза таъкид дорад. Агарчи озодии асирони саҳюнист низ дар қатънома тасвиб шуд, аммо бетардид Ҳамос ин иқдомро сирфан пас аз оташбаси доим ва пойдор анҷом хоҳад дод.
  4. Ин қатънома сабаби таваққуфи наслкушӣ дар Ғазза нахоҳад шуд. Мақомоти саҳюнист билофосила пас аз тасвиби қатънома эълон карданд, ки онро иҷро нахоҳанд кард ва қатъномаи Шӯрои амният барои онҳо аҳамияте надорад; бинобарин ба таври куллӣ Ҳамос ва режими саҳюнистӣ ба тавофуқе наздик нашудаанд.

Ҷамъбандӣ

Шавоҳид масъала ҳокӣ аз он аст, ки режими саҳюнистӣ ба шиддат шаҳрро зери муҳосираи худ қарор дода ва монеи вуруди кумакҳои инсондӯстона шудааст; ба тавре ки сарони режими саҳюнистӣ омидона шароити фоҷеаборе барои Ғазза эҷод кардаанд. Аз сӯи дигар мутаассифона ҷомеаи ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои байналмилалӣ натавонистаанд дар моҳҳои гузашта заминаҳо барои расондани ҳаддиақал кумаки инсондӯстона ба Ғазза дар дастури кори худ қарор диҳанд; чарока ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари султаи қудратҳои истикборӣ оҷизанд ва бо Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳамроҳӣ мекунад ва ончи дар бораи буҳрони Ғазза мегӯянд, шиоре беш нест. Ба назар меояд бархе изҳори назарҳои мақомоти ҷаҳонӣ аз ҷумла дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва масъулони ниҳодҳо ва ҳатто мақомоти амрикоӣ дар бораи Ғазза нифоқи сиёсӣ аст.

Агар Амрико бихоҳад, метавонад сареъ монеи куштори мардуми Ғазза шавад ва режими саҳюнистиро зери фишор қарор диҳад, дар ҳоле ки мутаассифона Амрико дар куштори мардуми Ғазза бо режими саҳюнистӣ шарик аст, зеро наздик ба 6 моҳ гузашта анвои кумакҳои таслиҳотиро дар ихтиёри режими кӯдаккуш қарор додааст. Ҳадафи ниҳоии ин режими ғосиби саҳюнистӣ иҷрои стратегияи худ дар Ғазза аст, то куштор ва ихроҷи мардумро аз шаҳр худ, нобудии зерсохтҳои Ғазза, ихроҷи сокинони Ғазза ба пушти марзҳои Фаластини ишғолӣ ва вогузарии идораи шаҳри Ғазза ба ташкилоти худгардонро иҷроӣ кунад. Режими саҳюнистӣ ҳамчунин ба думболи халъи силоҳи гурӯҳҳои муборизи фаластинӣ ва хориҷ кардани раҳбарони сиёсии Ҳамос аз Ғазза аст ва Амрико ва режими саҳюнистӣ барои иҷроӣ кардани ин сенария бисёр талош мекунанд. Бо инки ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад онҳо чунин сенарияе барои Ғазза доранд ва мардуми Ғаззаро дар гуруснагии комил нигоҳ доштаанд, то ҳар рӯз ҷамъияташон камтар шавад, аммо дар баробари зулму ситам ва фоҷеаи инсонии ошкор сукут пеша кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад