Дархости Поп Франсис барои оташбаси фаврӣ дар Навори Ғазза

Поп Франсис, раҳбари масеҳиёни католики ҷаҳон, дар суханоне ба муносибати иди пок, оташбаси фаврӣ дар Навори Ғазза ва тазмини дастрасии мардуми ин минтақа ба кумакҳои башардӯстонаро хостор шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал-Қудсул-арабӣ, Поп Франсис, раҳбари калисои католики ҷаҳон дар суханронии суннатии худ ба муносибати иди пок, бори дигар хостори оташбаси фаврӣ дар Навори Ғазза ва табодули усаро шуд.

Поп дар ин суханронӣ гуфт: «Ман бори дигар дархост мекунам, ки дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстона дар Навори Ғазза озод шавад ва хостори озодии фаврии тамоми афроде ҳастам, ки дар ҳафтуми октябр гаравгон гирифта шуданд ва ҳамчунин оташбаси фаврӣ дар Навори Ғазза».

Вай афзуд: «Чӣ қадр ғам дар чашмони кӯдакон мебинем, кӯдаконе, ки дар манотиқи ҷангӣ хандаро фаромӯш кардаанд. Ин кӯдакон бо чашмони худ аз мо мепурсанд: чаро? Чаро ин ҳама марг? Ин ҳама нобуди барои чӣ?»

Поп дар хусуси ҷанг дар Украина низ эҳтиром ба усули ҳуқуқи байналмилалиро хостор шуд ва ибрози умедворӣ кард, ки ҳамаи усаро байни Русия ва Украина табодули умумӣ шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад