Шикояти сокинони рустоҳои Суғд аз мушкили барқрасонӣ

Сокинон дар рустоҳои Суғд мегӯянд, то кунун мушкили барқрасонӣ бартараф нашудааст.  

Сокинон дар рустоҳои Суғд мегӯянд, то кунун мушкили барқрасонӣ бартараф нашудааст.

Ба гузориши манбаъ:

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз чароғҳо дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд фурӯзон шуданд ва ба ин ҳол мушкили бебарқӣ дар хонаҳо хатм шудааст, мегӯянд, сокинон дар суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Аммо дар ҳамин ҳол сокинони дигар навоҳии ин вилоят изҳор мекунанд, ки ҳамоно мушкили барқрасонӣ дар деҳоти Суғд давом дорад.

Сокинони деҳоти Суғд мегӯянд, рӯзҳои Рамазониро бо мушкили камбуди барқ паси сар мекунанд.

Икром Усмонов, сокинони ноҳияи Деваштич гуфт, дар моҳи Рамазон реҷаи барқдиҳӣ тағйир ёфт, аммо маҳдудияти он то кунун бартараф нашудааст.

Вай гуфт:

“Саҳар аз соати 3:30 то соати 6:00 ва шом аз соати 18: 00 то 21: 30 ва гоҳе аз ним соат зиёдтар барқ медиҳанд”.

Сокинони шаҳру ноҳияҳои Конибодому Исфара ва ноҳияҳои Ашту Зафаробод ҳам дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки шому саҳар дар умум 7 – 8 соат барқ мегиранд, дигар вақт комилан бебарқанд.

Дар ҳамин ҳол масъулони Идораи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки барқрасонӣ дар аксар ноҳияҳои Суғдро танзим мекунад, мегӯянд, ин реҷаи барқрасонӣ аз ҷониби ниҳоди марказии ширкати “Барқи тоҷик” тасдиқ шудааст.

Ба фарқ аз солҳои қаблӣ дар рӯзҳои оғози баҳор дар Тоҷикистон сокинон ба ҳисоби пойтахти кишвар, сокинони шаҳрҳои марказии Суғд низ дучори маҳдудияти интиқоли барқ гардиданд.

Камбуди барқ, ки одатан хоси навоҳӣ буд, ба шаҳрҳои марказии кишвар ҳам расид. Масъулин барқкуширо ба садама ва сарбории зиёд дар хатҳои интиқоли нерӯи барқ рабт доданд.

Бино ба арзёбии ширкати “Барқи тоҷик” интизор меравад, ки ин вазъ дар моҳи апрел комилан бартараф шавад

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Сокинони навоҳии Суғд мегӯянд, бо наздик шудани фасли зимистон дар деҳотҷойҳо ҳарорати ҳаво сард шудааст, вале мушкили барқрасонӣ аз сар гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи сокинон ду моҳ ба ин тараф дар деҳоти Суғд ҳам шаб ва ҳам рӯз барқ қатъ мешавад.

Ромизи Фаррухзод, сокини ҷамоати Ашт дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳдудияти барқ дар деҳаҳо то ҳанӯз идома ёфта, рӯзона 9 соат ва шабона то 7 соат барқи манзили онҳо хомӯш қатъ мешавад.

Сокини ноҳияи Ашт изҳор намуд: Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад