Шикояти сокинони Суғд аз мушкили бебарқӣ дар навоҳии он

Сокинони навоҳии Суғд мегӯянд, бо наздик шудани фасли зимистон дар деҳотҷойҳо ҳарорати ҳаво сард шудааст, вале мушкили барқрасонӣ аз сар гирифта нашудааст.

Сокинони навоҳии Суғд мегӯянд, бо наздик шудани фасли зимистон дар деҳотҷойҳо ҳарорати ҳаво сард шудааст, вале мушкили барқрасонӣ аз сар гирифта нашудааст.

Ба гузориши манбаъ:

Ба гуфтаи сокинон ду моҳ ба ин тараф дар деҳоти Суғд ҳам шаб ва ҳам рӯз барқ қатъ мешавад.

Ромизи Фаррухзод, сокини ҷамоати Ашт дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳдудияти барқ дар деҳаҳо то ҳанӯз идома ёфта, рӯзона 9 соат ва шабона то 7 соат барқи манзили онҳо хомӯш қатъ мешавад.

Сокини ноҳияи Ашт изҳор намуд:

“Рӯзона аз соати 8:00 то 17:00 ва шабона аз 22:00 то 5:00 и субҳ барқро қатъ мекунанд”.

Ин сокини вилояти Суғд мегуяд, мушкили барқрасонӣ соли гузашта ҳам буд, вале имсол реҷаи маҳдудияти он бештар шудааст.

Мушкили бебарқӣ на танҳо дар ноҳияи Ашт, балки дар навоҳии Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Истаравшан, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва дигар навоҳии Суғд ҷой дорад.

Зимнан ба ҷузъ шаҳракҳо ва шаҳрҳои азим барқрасонӣ тибқи реҷаи яксон дар ноҳияҳо қатъ мегардад.

Комрон Раҷабов, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳам зимни суҳбат зикр кард, ки мушкили қатъкунии барқ дар ин ноҳия ҳам то ҳол бартараф нашудааст.

Сокини ноҳияи Мастчоҳ гуфт:

“Дар шароити деҳотҷойҳо ба ҷузъ манзилҳо мактабу муассисаҳои тиббӣ низ мушкили бебарқиро паси сар мекунанд”.

Ахиран рӯзи 28 сентябр ширкати “Барқи Тоҷик” бо нашри изҳорот сабаби ҷорӣ шудани маҳдудияти барқрасонӣ ба навоҳии кишварро шарҳ дод.

Дар ин изҳорот аз ҷумла гуфта шудааст, ки дар обанбори Норак “то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст, “вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст”.

Масъулин он замон гуфта буданд, ки ҷорӣ шуданияти маҳдудияти барқрасонӣ барои таъмини сокинон бо барқ дар фасли зимистон аст.

Интиқоли барқ ба аксар навоҳии Суғд аз сӯи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан танзим мешавад.

Манобеъ дар ин идора ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло аз сӯи ниҳоди болоии онҳо дастури аз байн бурдани лимит содир нашудааст.

Манбаъ аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ”зикр кард:

“Мо мутобиқи нақшаи ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунем ва то ҳол фармони аз байн бурдани маҳдудиятҳои барқрасонӣ дар ноҳияҳои вилоят содир нашудааст”.

Сокинони навоҳии Суғд мегуянд, бо фаро расидани сардиҳо, бебарқӣ дар шароити деҳотҷойҳо мушкили онҳоро афзун мекунад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар ҳоле, ки мардуми кишвар аз бебарқӣ азият мекашанд, мақомоти Тоҷикистон содироти барқ ба хориҷи кишварро афзоиш додаанд.

Тибқи иттилоъи Агентии омори ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли 2022 ба хориҷи кишвар ба маблағ

Дар ҳоле, ки мардуми кишвар аз бебарқӣ азият мекашанд, мақомоти Тоҷикистон содироти барқ ба хориҷи кишварро афзоиш додаанд.

Тибқи иттилоъи Агентии омори ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли 2022 ба хориҷи кишвар

и б аз 2,1 млн доллар барқ содир намуд, ки 0,8% зиёдтар нисбат ба ҳаҷми моҳи пешин мебошад.

Маблағи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷ дар 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 103 млн доллар сурат гирифтааст, ки 10,2% бештар дар муқоиса бо моҳҳои январ-ноябри соли 2021 (ҳудуди 93,6 млн доллар) аст.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ҳиссаи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ 5,2%-ро ташкил додааст.

Мақомот ба интиқоди мардум, ки чаро барқ ба соҳибони аслии он — мардуми кишвар дода нашуда ба хориҷ содирот мешавад, мақомот чанд баҳона меоранд. Аз ҷумлаи баҳонаҳои онҳо “аз даст надодани харидор”, “ниёзи кишвар ба асъор” ва ғайра аст.

Дар ҳамин ҳол коршиносон ва мухолифин мегӯянд маблағи бадастомада аз содироти барқ ба суратҳисобҳои офшории хонаводаи раисҷумҳур интиқол ёфта, танҳо қисмати каме аз он ба кишвар ворид мешавад.

Гуфтанист, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар давраи баҳору тобистон (моҳҳои май-август) — ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.

Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар — то 40 МВт кам карда мешавад.

Мувофиқи қарордҳои имзошуда, соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад