Пуштибонии Қамчибек Тошиев аз тоҷикон

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Русия изҳори назар намуда, аз тоҷикон пуштибонӣ кардааст.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Русия изҳори назар намуда, аз тоҷикон пуштибонӣ кардааст.

Ба гузориши манбаъ:

Вай гуфтааст, шаҳрвандони ҳар кишвари дигаре метавонистанд, ба чунин моҷаро кашонда шаванд ва биноан набояд ҳамаи миллати тоҷикро гунаҳкор донист.

Расонаҳои Қирғизистон навиштаи Қамчибек Тошиевро бознашр кардаанд, ки дар дар сафҳааш дар Фейсбук гуфтааст, “террористон миллат надоранд” ва набояд ба фиреби созмонҳои террористӣ дода шуда, нафрати қавмӣ ва рӯҳияи зидди муҳоҷирон ангезиш дода шаванд.

Изҳорот ва даъвати раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба тарафдори аз Тоҷикистон дар пайванд ба ҳамлаи террористӣ дар ҳолест, ки тайи як ҳафтаи ахир муҳоҷирон тоҷик ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Русия зери фишору заррабини мақомоти рус қарор гирифта, боздошту бозпурсӣ ва аз Русия ронда мешаванд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар гузашта дар робита ба даргириҳои марзӣ бо Тоҷикистон чанд изҳороти баҳсбарангез пахш кардааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад