57 ҳазор сомонӣ нархи Ҳаҷ-2024 барои зоирини тоҷик

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ нархи ҳаҷ барои зоирони тоҷик каме арзонтар шудааст.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ нархи ҳаҷ барои зоирони тоҷик каме арзонтар шудааст.

Ба гузориши манбаъ:

Арзиши “Ҳаҷ-2024” барои ҳар зоири тоҷик 57 ҳазор сомонӣ хоҳад буд.

Дар ин бора Кумитаи дини кишвар хабар дода гуфтааст, ки он дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муайян карда шуд.

Чунин нишондиҳанда дар қиболи соли қаблӣ 2000 сомонӣ камтар аст.

Ин дар ҳолест, ки соли қабл нархи ҳаҷ 59 ва соли 2022 ҳудуди 61 ҳазор сомонӣ ва ё 5350 доллар муайян шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо, иҷораи меҳмонхона дар Маккау Мадина, таъмини хӯроки севақта, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ сарф хоҳад шуд.

Ҳамчунин таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо низ аз ин маблағ хоҳад буд.

Гуфта мешавад, ки довталабони сафари ҳаҷ тибқи рӯйхат маблағҳои худро ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” пардохт карда метавонанд.

Манбаъ афзудааст:

“Сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст”.

Имсол бар асоси қарордоди Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 7 ҳазор шаҳрванди кишвар ҳаққи сафар ба зиёрати Хонаи Худоро дорад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ҳайати баландпояи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон феълан дар Арабистони Саудӣ қарор дошта, тафсилотро баррасӣ доранд.

Созишномаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили ҳаҷҷи мавсими соли 2024-ум ба имзо расид.

Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, маросими имзо дар шаҳри Ҷидда сурат гирифт.

Бар асоси ин ҳуҷҷат кишвари мизбони ҳаҷ тибқи тартиб ҳиссаи шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳудуди 7 ҳазор адад муайян намудааст.

Санадро раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Сулаймон Давлатзода ва вазири ҳаҷ ва умраи ин кишвар Тавфиқ ал Рабиа имзо кардаанд.

Дар иттилоия омадааст:

“Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳаҷ ва умра мавриди баррасӣ қарор дода шуд”.

Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон талабот барои анҷоми ҳаҷ зиёд буда, сарфи назар аз нарх навбат барои он зиёд аст. Соли равон дар мавриди нархи он ҳанӯз иттилое дода нашудааст.

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, нархи умумӣ аз арзиши билети ҳавопаймо (рафтубаргашт), меҳмонхонаҳо дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт таъмини хӯрок, қурбонӣ, хидматрасонӣ дар машоир – Мино, Арафот ва Муздалифа, нақлиёт аз Ҷидда ба Макка ва аз Макка ба Мадина ё баръакс ташаккул меёбад.

Боҷи давлатӣ, хидматрасонии роҳбаладон ва аъзои гурӯҳи корӣ, хидматрасонии тиббӣ ва харидории доруворӣ, суғурта ва дигар хидматрасонии ҷорӣ низ зимни таъйини нарх ба назар гирифта мешавад, ки онро Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ мекунад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад