Вокуниши Амрико ба пирӯзии Путин дар интихоботи Русия

Иёлоти Муттаҳида ба пирӯзии Владимир Путин дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия бо беш аз 87 дарсади раъйҳо вокуниш нишон дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи гузашта муддаӣ шуд, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Русия ғайридемократик баргузор шуд ва эҳтимолан Путин раисҷумҳур боқӣ мемонад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико дар посух ба суоле дар бораи интихоби муҷаддади Путин ба унвони раисҷумҳур баён кард: Ман ҳайрон шудам. Ин як масъалаи изтиробовар буд.

Вай бо ишора ба интихоботе, ки Русия аз мушорикати боло дар он хабар додааст, гуфт: Ин як раванди комилан ғайридемократик буд.

Вай дар посух ба ин суол, ки оё Амрико ин натоиҷро ба расмият мешиносад?, афзуд: Ман фикр мекунам ба ҷуръат метавон гуфт, ки қатъан паёми табрике аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вуҷуд нахоҳад дошт.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин дар гуфтугӯ бо хабарнигорон муддаӣ шуд: Ӯ (Путин) эҳтимолан раисҷумҳури Русия хоҳад монд, аммо ин худкомагии ӯро тавҷеҳ намекунад.

Аз замоне, ки Русия дар феврали 2022 ҷанг бо Украинаро оғоз кард, Иёлоти Муттаҳида камтарин тамосро бо Путин доштааст.

Вокуниши Амрико пас аз интиқодоти мушобеҳ аз сӯи муттаҳидони аврупоӣ сурат мегирад, ки баргузории интихоботро шубҳа карданд.

Камиссиюни маркази интихоботи Русия рӯзи гузашта эълом кард Путин, раиси давлати феълӣ, пас аз баррасии орои гирифта шуда, тавонист 87.32 дарсад аз кулли ороро ба даст оварад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад