Идомаи ҳамалоти режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Навори Ғазза

Ҳамлаҳои артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва дар пайи он афзоиши шумори шаҳидон ва захмиҳо дар Навори Ғазза ҳамчунон идома дорад.

Ҷанги режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза барои саду шасту севумин рӯзи пай дар пай дар буҳбуҳаи бомбаборонҳои хушунатомез, ки рӯзона садҳо шаҳид ва маҷрӯҳ барҷой мегузорад идома дорад ва сиёсати эҷоди қаҳтие, ки ишғолгарон алайҳи Фаластиниён дар пеш гирифтаанд дар рӯзҳои ахир ба авҷи худ расидааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, артиши режими ғосиб ва ҷинояткори саҳюнистӣ ҳамчунон ба ҳамлаҳои худ ба бахшҳои мухталифи Навори Ғазза идома медиҳад.

Дар пайи ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба хонае дар урдугоҳи «Ан-Насирот» воқеъ дар маркази Навори Ғазза 2 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Як хонаи дигар низ дар хиёбони «Ал-Балтоҷӣ» воқеъ дар шаҳраки «Аш-Шуҷоия» дар шарқи Навори Ғазза низ аз сӯи артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ҳадаф қарор гирифт. Ин ҳамлаи ваҳшиёнаи артиши режими саҳюнистӣ низ 1 шаҳид ва 6 захмиро дар пай дошт.

Як фаластинии дигар низ дар натиҷаи ҳамлаи тӯпхонаии артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба урдугоҳи «Ал-Бурайҷ» воқеъ дар маркази Навори Ғазза ба шаҳодат расид.

Ҳамчунин артиши режими ишғолгар ва ҷинояткори саҳюнистӣ бархе хонаҳоро дар шимоли шарқи Хон Юнус бо хок яксон кард.

Минтақаи «Ал-Мағроқа» дар маркази Навори Ғазза низ аз сӯи ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ бомбаборон шуд.

Минтақаи «Ал-Мағроқа» дар Хон Юнус воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза низ аз сӯи тӯпхонаи артиши хуношоми режими саҳюнистӣ гулӯлаборон шуд.

Неруҳои имдодии Навори Ғазза ҳам пайкари аз ҳам пошидаи 5 шаҳиди фаластиниро аз минтақаҳои мухталифи Хон Юнус ҷамоварӣ карданд.

Каме пештар низ вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард, ки ишғолгарони саҳюнистӣ тайи 24 соати гузашта 9 куштор густурдаро алайҳи хонаводаҳои фаластинӣ дар ин борика муртакиб шудаанд.

Дар ин гузориш омадааст: дар ҷараёни ин кушторҳо дасти кам 93 фаластинии дигар ба шаҳодат расида ва 130 тани дигар низ захмӣ шудаанд.

Бар асоси эъломи вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза омори шаҳидони ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ин борика аз таърихи ҳафти октябри соли мелодии гузашта токунун ба 31 ҳазор ва 645 тан афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин ин ҳамлаҳои ваҳшёна то ба имрӯз 73 ҳазору 676 захмӣ барҷой гузоштааст.

Омори ҷадиди шуҳадо ва маҷрӯҳон ношӣ аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза бо судури баёнияе ҷадидтарин омори шаҳидон ва захмиҳои ҳамлаҳои артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз ҳафтуми октябри соли гузаштаи мелодӣ токунунро ироа кард.

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза гузориш дод, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши режими ғосиби ва хуношоми саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз ҳафтуми октябри соли гузаштаи мелодӣ токунун 31 ҳазор ва 500 фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.

Илова бар ин бар асоси гузориши мунташиршуда аз сӯи ин ниҳоди пизишкии фаластинӣ, ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, захмишудани 73 ҳазору 546 фаластинии дигарро дар пай доштааст.

Ҳамчунин вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард, ки режими саҳюнистӣ дар 24 соати гузашта 13 ҷиноят ва куштори ҷадидро алайҳи фаластиниёни сокини Навори Ғазза муртакиб шудааст, ки дар натиҷаи он 149 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва 300 нафари дигар низ захми шудаанд.

Нотавонии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таваққуфи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ

Исмоил Ас-Савобита дафтари иттилоъ расонии давлатӣ дар Навори Ғазза эълом кард: ишғолгарон барои бистумин рӯзи мутаволӣ, касоне, ки мунтазири дарёфти кумакҳо дар Навори Ғазза  будандро ҳадаф қарор доданд ва онҳоро шаҳид ваё захмӣ кардаанд.

Вай афзуд: дунё нотавон ва оҷиз аст ва наметавонад монеиъ аз иртикоби ин ҷиноёт аз сӯи душмани саҳюнистӣ шавад.

Исмоил Ас-Савобита таъкид кард: Мо Амрикоро масъули шикаст дар таваққуфи куштор дар Навори Ғазза медонем ва онро шарики ҷурм медонем.

Гуфтнӣ аст, ки гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин ҳафтуми октябр 2023, амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, 24 ноябр 2023, миёни Исроил ва муқовимати исломии Ҳамос оташ баси муваққати чаҳор рӯза ё ҳамон вақфае барои табодули асирон миёни муқовимати исломии Ҳамос ва режими ҷинояткори Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанг, ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа аввали декабри 2023, оташбаси муваққат ба поён расид ва режими палид ва ҷинояткори Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро аз саргирифт. Ин режими кӯдаккуш барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад