Пирӯзии Путин дар интихоботи президентии Русия қатъӣ шуд

Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Русия аз касби беш аз 87 дарсад орои интихоботи президентии ин кишвар тавассути "Владимир Путин" хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Русия эълом кард, ки бо шумориши 95 дарсади оро, “Владимир Путин”, раисҷумҳури кунунии ин кишвар муваффақ шуда бо касби 87.32 дарсад оро барои як давраи шаш солаи дигар, раисҷумҳури Русия бошад.

Интихоботи президентии Русия аз рӯзи ҷумъа оғоз шуда ва то дирӯзи якшанбе идома дошт. Ин нахустин бор дар таърихи баргузории интихоботҳои президентии Русия аст, ки фароянди ахзи раъй дар 3 рӯз анҷом мешавад.

Бар асоси эъломи комиссияи марказии интихоботи Русия, мизони мушорикат дар ин интихобот беш аз 70 дарсад будааст. Дар ин давра аз интихобот, яксаду давоздаҳ миллион ва сесаду даҳ ҳазор нафар дар дохили Русия ва як миллиону ҳаштсаду навад ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар 144 кишвари ҷаҳон, воҷиди шароити райдодан буданд.

“Владислав Даунков”-и 40 сола, намояндаи кунунии Парлумони Дума аз ҳизби «шахсиятҳои ҷадид», “Леонид Слуцкий”-и 56 сола, намояндаи Парлумони Дума ва раиси ҳизби либерал демократӣ, ва “Николай Харитонов”-и 75 сола, муовини ҳизби коммунисти Русия руқабои аслии Владимир Путин дар ин интихобот буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад