Омори шаҳидони ҳамалоти Исроил ба Ғазза аз 30 ҳазор нафар гузашт

Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза теъдоди шаҳидони ҳамлаҳои 148 рӯзаи Исроилро 30 ҳазору 320 нафар эълом кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза теъдоди шаҳидони ҳамлаҳои 148 рӯзаи Исроилро 30 ҳазору 320 нафар эълом кард.

Вазорати тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза дар гузорише эълом кард: Дар ҳамалоти Исроил, ки ба иттиҳоми наслкушӣ дар ҳоли муҳокима аст, дар 24 соати гузашта 92 фаластиниӣ шаҳид шуданд.

Барасоси ин гузориш, шумори кушта шудагон бар асари ҳамалоти пай дар пай ва бераҳмонаи Исроил ба ин борика ба 30 ҳазору 320 нафар ва теъдоди маҷрӯҳон низ ба 71 ҳазору 533 нафар афзоиш ёфтааст.

Ин вазоратхона бо ишора ба вуҷуди ҷасадҳои зери овораҳо ва канори ҷодаҳо эълом кард, ки тимҳои пизишкӣ ва масъулони дифоимаданӣ ба далели ҷилавгирии неруҳои Исроил наметавонанд ба ҷасадҳо барисанд.

Ғазза

Ҷинояти куштори даҳҳо фаластинии ҳозир дар навбати дарёфти ғизо

Бар асари ҳамлаи ваҳшиёнаи артиши режими саҳюнистӣ дар рӯзи панҷшанбеи гузашта ба мардуми Фаластин, ки мунтазири дарёфти кумакҳои башарӣ дар кӯчаи Ал-рашид дар Ғазза буданд, 112 нафар шаҳид ва беш аз 700 тани дигар низ захмӣ шуданд.

Шаҳодати кӯдакони фаластинӣ ба далели қаҳтӣ ва сӯи тағзия

Ин дар ҳоле аст, ки авзои беҳдоштӣ ва инсонии сокинони Навори Ғазза дар сояи идомаи ҳамлаҳои ҳамаҷонибаи артиши режими саҳюнистӣ алайҳи ин борика ва муҳосираи он ҳар рӯз вахимтар мешавад.

Манобеи пизишкӣ эълон кардаанд, ки фаъолияти бемористони Камол Удвон дар Навори Ғазза ба далели идомаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба сурати комил мутаваққиф шудааст.

Ин манобеи пизишкӣ тасреҳ карданд, ки ба думболи сӯи тағзия ва набуди маводи ғизоӣ дар ин бемористон дастикам ҳафт кӯдаки фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.

Ғазза

 Фаластиниҳо дар ҳоли ҷон додан бар асари гуруснагӣ ҳастанд

Аз сӯи дигар сухангӯи Вазорати беҳдошти Навори Ғазза дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира тасреҳ кард: ишғолгарони саҳюнист як ҷанги ҷадид алайҳи сокинони Навори Ғазза ба номи ҷанги гуруснагӣ роҳ андохтаанд.

Вай афзуд: теъдоди шаҳрвандони фаластиние, ки дар асари гуруснагӣ ҷони худро аз даст медиҳанд дар ҳоли афзоиш аст. Кӯдакони Фаластин бахши қобили таваҷҷуҳе аз ин шаҳидонро ташкил медиҳанд.

Ин масъули фаластинӣ иловаа кард: кӯдаконе, ки дар бахши муроқибатҳои вижа бистарӣ ҳастанд, дар маърази марг бар асари гуруснагӣ қарор доранд.

Вай баён кард: ишғолгарони саҳюнист монеи фаъолияти тамоми ниҳодҳои башардӯстона ва ирсоли кумакҳои инсонӣ ба Навори Ғазза мешаванд. Системаи беҳдоштӣ дар шимоли Навори Ғазза ба вижа баъд аз таваққуфи фаъолияти бемористони Камол удвон ба сурат комил фалаҷ шудааст.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Навори Ғазза тасреҳ кард: режими саҳюнистӣ ба сурати тааммудӣ ва ҳадафманд монеи вуруди кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза мешавад, то дар масири наслкушии сокинони ин минтақа ҳаракат кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад