Баргузории 304 нишаст байни Тоҷикистон Қирғизистон дар соли 2023

Мудири хадамоти марзии Қирғизистон: дар соли 2023 бо Тоҷикистон 304 нишаст баргузор шуд

Мудири хадамоти марзӣ ва муовини аввали Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар нишасти ин кумита гуфт: дар соли 2023 теъдоди 304 нишаст бо тарафи Тоҷикистон баргузор шуд.

Улорбек Шоршиев, мудири хадамоти марзӣ ва муовини аввали кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар нишасти ин кумита гуфт: дар соли 2023 мелодӣ теъдоди 304 нишаст бо тарафи Тоҷикистон баргузор шуд. Аз ин теъдод, 3 дидор дар сатҳи мақомоти кишвар, 67 дидор дар сатҳи намояндагони хадамот марзӣ, 234 дидор дар сатҳҳои дигар баргузор шудааст.

Вай гуфт: раванди мусбате дар таъйини хатҳои марзӣ вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи вай, иқдомот дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон тақвият шуда ва кормандони бахшҳои марзӣ низ афзоиш ёфтааст.

Шоршиев гуфт: соли гузашта ҳеҷ даргирӣ бо истифода аз силоҳ вуҷуд надошт.

Ба гуфтаи вай, вазъият дар қисмати марзи давлатии Қирғизистон ва Узбакистон бо субот аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад