Ривояти мардуми Навори Ғазза аз рӯзаҳои бидуни саҳарӣ ва ифтор

Мардуми Ғазза имсоли дар ҳоле ба пешвози моҳи шарифи Рамазон рафтанд,, ки дар ҳақиқат моҳҳост рӯзаанд ва дар ҳоле имони худро бо тамоми вуҷуд ҳифз кардаанд, ки маҷбуранд рӯзаи бидуни хӯроки саҳарӣ бигиранд ва умеде ҳам ба ифтор надоранд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, таҷовузоти ваҳшиёнаи мустамарре, ки артиши режими ишғолгари Исроил аз 6 моҳ қабл токунун алайҳи мардуми Фаластин дар Навори Ғазза анҷом дода, ин минтақаро табдил ба минтақаи маргу гуруснагӣ ва маконе карда, ки наметавон нишоне аз зиндагӣ дар он пайдо кард; ҷое, ки на барқе барои равшаноӣ вуҷуд дорад ва на василае барои ҳамлу нақл ва на обу ғизое барои хӯрдан.

Мардуми Ғазза моҳҳост, ки рӯзаанд

Мардуми Ғазза, ки дар натиҷаи ин ҷанги ваҳшиёна аз хонаҳои худ овора шудаанд ва то имрӯз тавонистаанд аз ҷиноятҳои ваҳшиёнаи душман ҷони солим ба дар бибаранд ва зинда бимонанд, дар миёни издиҳоми шадиди ҷамъият дар чодарҳо зиндагӣ мекунанд ва аз дастрасӣ ба ибтидоитарин ниёзҳо ҳам маҳрӯманд. Ин мардум имсол дар ҳоле ба истиқболи моҳи шарифи Рамазон мераванд, ки метавон гуфт моҳҳост рӯзаанд; чаро, ки дар Навори Ғазза ба вижаи шимоли ин минтақа, ки муддатҳост ба таври комил аз ҳамаи кумакҳо маҳрӯм шуда, ба нудрат чизе барои хӯрдан пайдо мешавад.

Имрӯз мардуми Ғазза дар ҳоле дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегиранд, ки ба сахтӣ метавонанд барои саҳарӣ ғизои ночизе пайдо кунанд ва умед ба ифтор ҳам надоранд ва мудом маҷбуранд садои тарсноки бомбаборонро бишунаванд ва намедонанд то шаб зинда мемонанд ё ба дигарон шаҳидон мепайванданд.

Дар шароите, ки бахши аъзаме аз масоҷиди Ғазза дар таҷовузоти душман вайрон шуда, дигар садои азон ҳам дар бисёре аз манотиқи Ғазза ва ба вижа шимол ба гӯш намерасаду мардум бо ғуруби офтоб замони ифторро таъйин мекунанд.

Рӯзи душанбе баробар бо аввалин рӯзи моҳи Рамазон дар Ғазза 3 кӯдак бар асари гуруснагӣ ва тишнагии шадид дар бемористони шимоли Навори Ғазза ҷонашонро аз даст доданд то теъдоди кӯдаконе, ки баъд аз расидан ба бемористон, аз шиддати гуруснагӣ ҷон додаанд ба 21 нафар бирасад. Албата теъдоди афроде, ки дар шимоли Ғазза бар асари гуруснагӣ ва ташнагӣ ҷон додаанд чанд баробари ин теъдод аст ва бисёре ба бемористон нарасидаанд.

Ҷашни Рамазон дар Ғазза бо шикамҳои холӣ

Бо ин вуҷуд мардуми Ғазза кӯшиш карданд ҳамонанди солҳои гузашта бо эҳтиром аз моҳи Рамазон истиқбол кунанд ва бо зебосозии роҳҳо бо барги дарахтон ва абзоре, ки дар даст буд, фарорасии моҳи мубораки Рамазонро ҷашн гирифтанд то фарзандони гуруснаи онҳо андаке аз шодии ин моҳро эҳсос кунанд.

Дар бисёре аз манотиқи Ғазза мардум бо вуҷуди вайронии масоҷид, дар атрофи ин вайронаҳо иқдом ба барпоии намози ҷамоат карданду дар ҳоле, ки гурусна ҳастанд намози худро ба ҷо меоваранд.

Навори Ғазза

Муҳаммад Ал-хазро, шаҳрванди 39 солаи фаластинӣ дар Ғазза мегӯяд, ки дар рӯзи аввали моҳ Рамазон тавонистам барои ифтори худ миқдоре паниру нон пайдо кунам ва бисёр хушҳол будам, ки чизе барои хӯрдан дорам, аммо барои аввалин бор аст, ки мо дар моҳи Рамазон наметавонем садои азони шомро бишунавем ва ин бисёр нороҳаткунандааст.

Алхазро дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Ал-арабӣ Ал-ҷадид гуфт, ки эҳсос мекунам хоби тарснок мебинам; зеро ҳеҷ як аз сокинони Ғазза рӯзаи Рамазонро бидуни азон ё бидуни дастархонҳои саҳарӣ ва ифтор тасаввур намекарданд. Мо аз чанд моҳ қабл гуруснаем, аммо рӯза мегирем, зеро имони воқеӣ дорем ва ба дин ва боварҳоямон пойбандем. Имрӯз ман тавонистам чизе барои ифтор пайдо кунам, аммо намедонам фардо ифтор мекунам ё не. Мо мехоҳем ҳамаи дунё бубинанд, ки мо бо вуҷуди ҳамаи ин дарду ранҷҳо чигуна имони худро ҳифз мекунем ва ба дин ва эътиқодамон пойбандем.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷаҳони Исломи бори дигар мардуми Фаластинро ноумед карданд

Ин шаҳрванди фаластинӣ идома дод: Ман дар бозор қадам мезадаму дунболи як қуттӣ мураббои захира шуда ё ҳар чизе, ки маро ёди суфраҳои моҳи Рамазон меандозад мегаштам, аммо чизе наёфтам ва чизе, ки маро нороҳат мекунад ин аст, ки мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷаҳони Ислом умеди зиёде доштем то битавонанд қабл аз моҳи Рамазон ҷангро мутаваққиф кунанд, аммо онҳо бори дигар ноумедамон карданд.

Рӯзаҳои бидуни хӯроки саҳарӣ ва ифтор дар Ғазза

Аммо шояд Муҳаммад Ал-хазро яке аз шаҳрвандони хушшонси Ғазза буд, ки тавонист каме нону панир барои ифтор пайдо кунад; зеро бисёре аз мардуми Ғазза баъд аз як рӯзи тӯлонии рӯзадорӣ натавонистанд чизе барои хӯрдан пайдо кунанд ва бисёре ҳам бо тиккаҳои нони хушк ва об ифтор карданд.

Исҳоқ Абузар, яке аз ҳамин шаҳрвандонест, ки ду рӯз дар хиёбон ба дунболи пайдо кардани ғизое барои фарзандонаш буд, аммо дар ниҳоят чизе пайдо накард ва бо шармандагӣ назди фарзандони худ баргашт ва натавонистанд ифтор кунанд.

Дируз ҳам Вазорати тандурустии Ғазза эълом кард: Беш аз 2 ҳазор корманди ин ниҳод дар шимоли Ғазза дар рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон чизе барои ифтор пайдо накарданд ва дар шароити ғайриқобили тасаввуре кор мекунанд.

Вазорати тандурустии Ғазза бо ибрози нигаронӣ дар бораи гуруснагӣ ва беобӣ дар саросари Ғазза эълом кард: гуруснагӣ дар шимоли ин минтақа ба марзи маргборе расидааст. Дар замони ҳозир 120 ҳазор хонавода дар шимоли Навори Ғазза гирифтори гуруснагии воқеӣ ҳастанд ва 80 дарсади хонаҳо дар Ғазза ва шимоли он ғайриқобили зиндагӣ мебошанд.

Манобеи марбута ҳамчунин дар бораи шароити буҳронии кӯдакони Ғазза ҳушдор дода эълом карданд, ки Навори Ғазза шоҳиди камбуди шадиди маводи ғизоии кӯдакон аст ва дар ин вазъият, ки модарон дар натиҷаи набуди ғизо қудрати шир додан ба навзодони худро надоранд, ширихушк ҳам ба шиддат камёб аст ва ин буҳрон танҳо марбут ба шимол нест ва саросари Ғазза аз ин фоҷиа ранҷ мекашанд.

Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар баёнияе дар бораи вазъияти фоҷиабори кӯдакони Ғазза ҳушдор дода эълом кард: Тарсу нигаронии мо аз марги кӯдакони Ғазза бар асари гуруснагӣ табдил ба воқеият шуда ва ҳадди ақал даҳ кӯдак тайи рӯзҳои ахир дар бемористони шимоли Ғазза аз шиддати гуруснагӣ ва ташнагӣ ҷони худро аз даст додаанд ва гуруснагӣ Навори Ғаззаро фарогирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад