Музокироти Қоҳира барои оташбас дар Ғазза бенатиҷа монд

Исроил дархости Ҳамос барои оташбаси пойдор, хуруҷи артиши он аз Навори Ғазза ва бозгашти беқайду шарти оворагонро рад кард.

Исроил дархости Ҳамос барои оташбаси пойдор, хуруҷи артиши он аз Навори Ғазза ва бозгашти беқайду шарти оворагонро рад кард.

Шабакаи Алҷазира дар ин бора ба нақл аз манобеи худ гузориш дод: музокироти оташбас дар Қоҳира бидуни дастёбӣ ба тавофуқ поён ёфт. Ин манобеъ гуфтанд: Исроил дархости Ҳамос барои оташбаси пойдор, хуруҷи артиш он аз Навори Ғазза ва бозгашти беқайду шарти оворагонро рад кард.

Cомӣ Абӯзаҳрӣ, аз мақомоти аршади Ҳамос ба хабаргузории Рӯйтерз гуфт, ки Исроил бар радди аносири тавофуқе, ки мунҷар ба таваққуфи даргириҳо, тазмини вуруди кумакҳо ва тасҳили бозгашти оворагони дохилӣ ба хонаҳояшон мешавад, исрор дорад. Исроил тамомии талошҳои миёнҷиҳо барои дастёбӣ ба тавофуқро хунсо ва беасар мекунад.

Абӯзаҳрӣ афзуд: имкон надорад тавофуқеро бипазирем, ки оташбаси доимӣ ва хуруҷи нерӯҳои ишғолгар аз Ғазза ва бозгашти оворагони фаластинӣ ба хонаҳои худро тазмин накунад. Мо ҳеҷ фурсати воқеӣ ҷиҳати эҷоди амният ва осоиш барои мардуми Фаластин ва бароварда шудани хостаҳои онҳоро аз даст намедиҳем.

Расонаҳои мисрӣ низ гузориш доданд, ки гуфтугӯҳо барои дастёбӣ ба оташбас дар Ғазза қабл аз моҳи Рамазон идома дорад. Ҳайати Ҳамос Қоҳираро тарк кард ва музокирот ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешавад.

Тибқи гузориши расонаҳои Миср, ҳайати Ҳамос барои ройзанӣ дар бораи шароити оташбас дар Ғазза Қоҳираро тарк кард.

Тибқи ин гузориш, миёнҷигарон дар Қоҳира талош карданд ихтилофи музокиротӣ миёни Ҳамос ва режими саҳюнистиро дуруст кунанд, аммо талошҳои онҳо ба натиҷа нарасид.

Дар рӯзи якшанбе ҳам аввалин рӯз аз музокироти оташбаси Ғазза дар Қоҳира бо ҳузури ҳайати Ҳамос анҷом шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳанӯз ҳудуди 134 нафар дар дохили Ғазза тавассути Ҳамос нигаҳдорӣ мешаванд, агарчи вазъияти ҳама онҳо мушаххас нест.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад