Ҷумҳурии Исломӣ бо зулму истикбор ва таҷовуз мухолиф аст

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳаводиси таассуфбори Ғаззаро намунаи ошкор аз зулму таҷовузи ҷабҳаи истикбор ба соҳибони як сарзамин ва куштори бераҳмона ва сангдилонаи зану кӯдак ва нобуд кардани дороиҳо ва манобеи мардуми он сарзамин дониста гуфт: Мухолифати Ҷумҳурии Исломӣ дар воқеъ мухолифат бо чунин зулмҳо ва ҷиноятҳоест, ки бо вуҷуди он ки назди ҳар ақлу урфу шаръ ва виҷдони башарӣ маҳкум аст, мавриди ҳимояти Амрико ва Англис ва бархе кишварҳои аврупоист.

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз дар дидори раис ва аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо шарҳи мантиқ ва далелҳои динӣ, ақлӣ ва инсонии истодагии низоми Ҷумҳурии Исломӣ дар муқобили ҷабҳаи истикбор зимни баёни тавсияҳои муҳиме ба мунтахабони маҷлиси ҷадиди хубрагон ва маҷлиси ҷадиди шӯрои исломӣ таъкид кард: Ташкили маҷлиси ҷадиди шӯрои исломӣ ҳодисаи ширин, умедофарин ва боарзишест, ки мунтахабон бояд қадри онро бидонанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, ки охирин дидори давраи панҷуми Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо ишон буд, бо ишора ба баргузории роҳпаймоии пуршӯри 22 баҳман ва интихоботи 11 исфандмоҳ, моҳҳои баҳман ва исфанди соли 1402 ҳиҷрӣ-шамсиро беш аз солҳои дигар маҳали ошкор шудани нишонаҳои мардумсолории исломӣ хонд ва дар табйини мантиқии истодагӣ ва муқобилаи Ҷумҳурии Исломӣ бо зургӯён, гуфт: То қабл аз ташкили Ҷумҳурии Исломӣ, танҳо ҷабҳаи мавҷуд дар дунё ҷабҳаи демократияи вобаста ба равиши либерал-демократии ғарбӣ буд, аммо бо пирӯзии Инқилоби Исломӣ, ҷабҳаи ҷадиде бар мабнои мардумсолории исломӣ ташкил шуд, ки табиатан дар муқобили ҷабҳаи демократии ғарбӣ қарор мегирифт.

Ишон сар баровардани улгуи мардумсолории исломӣ дар Эронро боиси ба хатар афтодани манофеи ҷабҳаи демократии ғарбӣ ва оғози муоризаҳо ва мухолифатҳои доимии он ҷабҳа бо низоми исломӣ хонд ва гуфт: Иллати эҳсоси хатар ва муоризаи онҳо ин буд, ки дар зоти низоми демократияи ғарбӣ, истикбору таҷовуз ва тааддӣ ба ҳуқуқи миллатҳо ва ҷангофаринӣ ва хунрезии беҳаду ҳаср барои касби қудрат вуҷуд дорад ки шоҳиди он истеъмор бисёре аз кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои лотин дар қарни 19, яъне дар давраи авҷи шиорҳо ва иддаоҳои онҳо дар заминаи демократия, озодӣ ва ҳуқуқи башар аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ муҳимтарин масъала ва рӯйкарди ҷабҳаи мардумсолории исломиро ба далели моҳияти исломии он муқобила бо ин гуна зулмҳо ва тааддиҳо хонд ва дар муқобили ин савол, ки чаро Ҷумҳурии Исломӣ бо ҷабҳаи истикбор муқобила мекунад, гуфт: Мо бо кишварҳо, давлатҳо ва миллатҳо ба худии худ ҳеҷ муоризае надорем, балки мухолифати мо бо зулм ва таҷовуз аст, ки дар ботини ҷабҳаи демократияи ғарбӣ вуҷуд дорад.

Ишон ҳаводиси таассуфбори Ғаззаро намунаи ошкор аз зулму таҷовузи ҷабҳаи истикбор ба соҳибони як сарзамин ва куштори бераҳмона ва сангдилонаи зану кӯдак ва нобуд кардани дороиҳо ва манобеи мардуми он сарзамин баршумурд ва гуфт: Мухолифати Ҷумҳурии Исломӣ дар воқеъ мухолифат бо чунин зулмҳо ва ҷиноятҳоест, ки бо вуҷуди он ки назди ҳар ақлу урфу шаръ ва виҷдони башарӣ маҳкум аст, мавриди ҳимояти Амрико ва Англис ва бархе кишварҳои аврупоист. Ин масъала бояд равшан ва маълум бошад, ки ҷабҳаи истикбор, зулму таҷовуз ва кушторро зери номи демократия, ҳуқуқи башар ва либерализм пинҳон кардааст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломӣ бояд ҳамвора парчамдору пешқадам дар муқобила бо истикбор бошад, гуфт: Парчами мубориза бо истикборро бояд ҳар рӯз густардатар ва барафроштатар кунем ва дар ҳеҷ даврае иҷозат надиҳем, ки ин парчам аз Ҷумҳурии Исломӣ гирифта шавад.

Ишон ҳамчунин табйини мантиқи ҶИЭ дар истодагӣ ва муқобила бо мустакбирон барои наслҳои ҷадидро вазифаи муҳим баршумурд ва хотирнишон кард: Хушбахтона дар тули беш аз чаҳор даҳа аз умри ҶИЭ, дар нишон додани чеҳра, ҷабҳа ва ҷиҳатгирӣ мубориза бо истикбор ба ҷаҳониён муваффақ будаем.

Ишон дар бахши дигар, вазифаи Маҷлиси хубрагон, яъне таъини раҳбарӣ ва муроқибат аз ҳифзи салоҳиятҳои ӯро муҳимтарин вазифаи мудириятӣ дар ҶИЭ донист ва афзуд: Аъзои Маҷлиси хубрагон бояд муроқибат кунанд, ки дар интихобҳои худ усули собити Ҷумҳурии Исломӣ мавриди ғафлат қарор нагирад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар табйини усули собит ва ғайри қобили тағйири ҶИЭ хотирнишон кард: Усули собит ҳамчун иқомаи адл, мубориза бо фасоду иртиқои сатҳи маърифат ва амали исломӣ дар ҷомеа, дар қонуни асосӣ, баёноти имоми бузургвор ва маорифи исломӣ вуҷуд дорад, ки аъзои хубрагон дар интихоби раҳбарӣ бояд бо мулоҳиза ва риояти ин усули собит амал кунанд.

Ишон дар бахши сеюм бо ишора ба баргузории интихоботи Маҷлиси шӯрои исломӣ, рӯи кор омадани ҳар маҷлиси ҷадидро ширину ҳамроҳ бо рӯиши умедҳои тоза ва чашмандозҳои ҷадид барои Эрон донист ва гуфт: Ҳузури намояндагони ҷадид дар канори намояндагони адвори қабл, ки таркибе аз навоварӣ ва таҷриба аст, сармояи боарзиш ва хуни тоза дар рагҳои маҷмуаи сиёсӣ аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар тазаккурии муҳим, суханони ихтилофангез, даъво роҳ андохтанҳо ва ситезагариҳои душманписандро боиси талх шудани ширинии ташкили маҷлиси ҷадид хонду гуфт: Мунтахабони маҷлиси ҷадид муроқибат кунанд ва нагузоранд, ки ширинии ташкили маҷлис дар коми мардум ва фазои сиёсӣ ботаровати кишвар талх шавад, зимни ин ки агар маҷлис дучори даъво ва ситеза ва муқобила ва ҷабҳабандиҳои гуногун шавад, аз кори аслии худ боз мемонад.

Ишон бо ишора ба тавсияҳои мукаррари Амирулмуъминин ҳазрати Алӣ (к) ба фармондорони худ дар хусуси риояти тақвои илоҳӣ, яке аз заруратҳои қатъӣ барои масъулон ва дастандаркорони Ҷумҳурии Исломиро шариатмадорӣ ва пайбандии онҳо ба муроқибат аз ҳалолу ҳаром ва иҷтиноб аз дурӯғу ғайбату тӯҳмат хонд ва афзуд: Ҳамчунон ки дар умури шахсӣ муваззаф ба риояти тақво ҳастем, дар муҳити сиёсӣ ва корӣ ҳам бояд бо риояти тақво, аз ҳаром дурӣ кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: Албатта дар корҳо ва умури сиёсӣ, ихтилофи салоиқу дастабандиҳои сиёсӣ вуҷуд дорад, ки монеъ надорад, аммо ҳама бояд бо тақво пеша кардан, заминаи ҷалби раҳмат ва баракати илоҳиро фароҳам кунанд.

Ишон ҳамчунин бо гиромидошти ёди аъзои фақиди Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ба хусус марҳуми оятуллоҳ Имомии Кошонӣ, моҳи шаъбонро моҳи башоратҳо ва шодиҳо ва моҳи татҳир ва омода кардани дилҳо бо истиғфору дуо ва муноҷот барои вуруд ба моҳи мубораки рамазон хонду ғуфрони илоҳӣ дар рӯзҳои боқимонда аз ин моҳро дархост кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи ҷумъаи гузашта 11-уми исфанди 1402 ҳиҷрӣ-шамсӣ баробар бо 1-уми марти 2024 интихоботи намояндагони Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва намояндагони Маҷлиси шӯрои исломӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд ва бо вуҷуди таблиғоти манфии бадхоҳони ҶИЭ ва ташвиқи мардум ба ширкат накардан дар интихобот, 25 миллион нафар (беш аз 41%) дар интихобот ширкат карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад