Кӯдаккушии саҳюнистҳо дар Навори Ғазза идома дорад

Бо вуҷуди эътирозот ва тазоҳуроти густурда дар нуқоти мухталифи ҷаҳон алайҳи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ, сукут ва беамалии маҷомеи байналмилалӣ мӯҷиби тадовуми кӯдаккушии саҳюнистҳо дар Навори Ғазза шудааст.

Аз шурӯъи ҷанги Ғазза дар таърихи 7 октябр токунун, ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Навори Ғазза ба марги беш аз 22 ҳазору 430 кӯдак ва 8 ҳазору 900 зан анҷомидааст. Ҳудуди 7 ҳазор зан ва кӯдак низ дар байни овори харобаҳои Навори Ғазза гум шудаанд.

Саҳюнистҳои ҷинояткор дар ҳамалоти ваҳшёнаи худ ба Навори Ғазза, байни низомиён ва ғайри низомиён ҳеҷ фарқе қоил нашуда ва ин масъала яке аз мисдоқҳои боризи нақзи конвенсияи наслкушӣ аз сӯи режими саҳюнистӣ аст.

Режим палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ бо мумониат аз вуруди ҳаргуна кумаки башардӯстона ба Ғазза ва ҳамла ба бастаҳои маҳдуди ворид шуда ба ин қитъаи таҳти муҳосира, дарҳоли истифодаи абзорӣ аз буҳрони ғизо ва гуруснагӣ дар ҷанги худ алайҳи Фаластиниҳои Ғазза аст ва токунун, дасти кам 16 кӯдак ба иллати гуруснагӣ ба шаҳодат расидааст.

Бар асоси гузоришҳои мунташир шуда аз сӯи вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин ва манобеи хабарӣ, шаҳрҳои шимолии Навори Ғазза ҳамчун шаҳри Ғазза, Байтуллаҳн, Ҷиболиё ва Байтулҳонун дорои бештарин омори кӯдакони кушта шуда ба иллати гуруснагӣ ва набуди ғизои кофӣ ҳастанд ба тавре, ки; 15 кӯдак ва навзод дар манотиқи шимолии Ғазза ва як кӯдак дар Рафаҳ, ҷанубитарин шаҳри Навори Ғазза ба иллати буҳрони ғизо шаҳид шудаанд.

Ҳафтаи гузашта, вазорати беҳдошти Фаластин ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи набуди ҳаргуна дору ва ғизо дар бемористони Камол Удвон ва марги ду навзод ба иллати ин масъала хабар дода буданд. Ин бемористон воқеъ дар манотиқи шимолии Навори Ғазза, дорои бештарин омори навзодони кушташуда ба иллати гуруснагӣ аст.

Режими кӯдаккуши саҳюнистӣ аз замони ишғолгарии соли 1948 мелодӣ токунун бар хилофи ҳамаи қавонин ва муқаррароти байналмилалӣ ва конвенсияҳои мавҷуд муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ дар ҳаққи кӯдакон ва навҷавонони фаластинӣ бо иқдомоти шаҳодат ва ё маҷрӯҳ кардан, шикастан даст ва пойи кӯдакон ва навҷавонон бо санг ва боздошт ва маҳкумият ба зиндони онон ба сурати муваққат ва ё ҳабси абад кардааст.

Умедҳои бар бод рафт ва кӯдакон, занон ва мардони Ғазза ҳеҷ ҷои амне барои рафтан надоранд ва фурсати андаке барои зиндамондан доранд. Кӯдакон ҳар рӯз ба шаҳодат расида ё маълул, захмӣ ва ятим мешаванд. Мутаваллидони бузургтарин зиндони рӯбози ҷаҳон дар ҳоли ҳозир, дар сурати зинда мондан, сокинони бузургтарин гӯри даста ҷамъӣ, ин кӯдакон дар дунё ҳастанд; Онҳо дар сафи интизори марг ва беморӣ ва қаҳтӣ истодаанд.

Режими саҳюнистӣ тамоми талоши худро дар солҳои ахир анҷом дода то аз кӯдакони фаластинӣ бо унвони террорист ёд кунад; Ин режим дар ҳамдилонатарин мавзеъи худ низ инсониятро аз кӯдакони фаластинӣ рубуда ва бо иттиҳомзанӣ ба муқовимати Фаластин муддаӣ аст, ки кӯдакон сипари инсонии муқовимати Фаластин ҳастанд. Аз манзари режими саҳюнистӣ чизе ё фарде таҳти унвони кӯдаки фаластинӣ вуҷуд надорад; Аз ин рӯ аст, ки аз қатлиом ва куштори онҳо на боке дорад ва на виҷдоне, ки ба дард биёяд.

Албатта куштори ваҳшиёнаи кӯдакони фаластинӣ мавзӯе нест, ки аз нигоҳи бозигарони ҷаҳон ва Созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун Созмони Милал дӯр монда бошад, аммо интиқодоти бештар мутаваҷҷеҳи вокуниши онҳо аст, ки баъзан бо сиёсат задагӣ ҳамроҳ шудааст.

Дар ҳоле, ки даргириҳои ҷори дар Навори Ғазза вориди 153 мин рӯзи худ мешавад, ғизо ва об солим ба таври боварнкрдание камёб шуда ва бемориҳо шуюъ пайдо карда ва тағзия ва масунияти занон ва кӯдаконро ба хатар меандозад ва мунҷар ба афзоиши қаҳтӣ ва гуруснагӣ шудааст. Агар чи инак ҳазорон кӯдак дар Ғазза овора шуда ё хонаводаи худро аз даст додаанд, онҳо бо камбуди дору, об, ғизо ва як хушунати системотик дасту панҷа нарм мекунанд, аммо ин трагедии ҷадиде нест ва қидмати 75 сола дорад.

Беш аз 40 дарсад аз кушташудагони Ғазза аз замони оғози ҳамлаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғазза ва ташдиди хушунатҳо дар арозии ишғолии Фаластин дар 7 октябр, кӯдакон ҳастанд. Ба изои ҳар рӯз бидуни оташбаси қатъӣ, ба таври мутавассит 100 кӯдак кушта шудаанд. Ҳеҷ тавҷеҳе барои куштани кӯдакон вуҷуд надорад. Вазъияти Ғазза ваҳшатнок ва барои башарият офат аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад