Равобити Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меравад?

Дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли пур аз танишҳо, ки нозирони умур ҳатто “ҷанги сард” унвонаш мекарданд, билохира шикастани яхҳои ин “ҷанги сард” ва гармшавии муносибатҳо ба назар мерасад.

Дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли пур аз танишҳо, ки нозирони умур ҳатто “ҷанги сард” унвонаш мекарданд, билохира шикастани яхҳои ин “ҷанги сард” ва гармшавии муносибатҳо ба назар мерасад.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Қулибоев рӯзҳои 4 ва 5 феврали соли 2024 аз Душанбе боздид кард. Бино ба иттилои расмӣ, Қулибоев дар ҷараёни ин сафар бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “масоили мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карда”, ҳамчунин бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро барои солҳои 2024-2025 имзо кардааст.

Қулибоев рӯзи 5 феврал дар Душанбе дар пайи мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки “дар ояндаи наздик Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз ба натиҷаҳои қобили қабули тарафайн ва ба манфиати тарафайн даст хоҳанд ёфт”. Ӯ изҳори итминон кард, ки ҳалли масоили боқимондаи марз саҳифаи наверо дар равобити ду кишвари ҳамсоя боз хоҳад кард.

Гуфтанист, вазири хориҷаи Қирғизистон баъди муноқишаҳои хунини солҳои 2021 ва 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки садҳо куштаю захмӣ ба ҷо гузошт, бори аввал бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кард.

Ҳамчунин рӯзи 5 феврали соли 2024 хабар омад, ки дар ҷараёни вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, ки аз 30 январ то 5 феврали соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон доир шуд, гурӯҳҳои кории топографӣ боз 3,71 километр аз қитъаҳои баҳсӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа кардаанд.

Дар иттилоияи хушки протоколӣ, ки ҳарду ҷониб бо мазмун ҳамсон нашр карданд, гуфта мешавад: “Дар асоси мувофиқаи дуҷониба, аз 30 январ то 5 феврали соли 2024 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 3,71 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд. Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд. Аз натиҷаи мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд”.

Дар бораи инки ин дафъа дар музокирот дар Бодканд кадом қитъаҳои баҳсии марз мушаххас карда шуд, ҷонибҳо ягон тафсилот надодаанд.

Музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли рукуд тоза аз моҳи октябри соли 2023 якбора суръат гирифт ва дар се моҳи охир ду ҷониб тавонистанд алакай 191 километр қитъаҳои баҳсии марзро мушаххас кунанд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи декабр изҳор дошт, ки Бишкек ва Душанбе алакай дар баҳори соли 2024 музокироти марзиро ба поён хоҳанд расонд. Ҷониби Тоҷикистон ин хушбинии ҷониби дигарро мустақиман тасдиқ ё рад накардаст, вале рӯзи 10 январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон дар Душанбе дар пайи мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон ва бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки созишномаи таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай моҳи марти соли ҷорӣ ба имзо мерасад.

Фидон гуфт: “умедворем, ки Тоҷикистону Қирғизистон моҳи март ба баҳсҳои марзии худ нуқта гузошта, ба сӯи амнияту субот дар минтақа қадами бузурге бигузоранд”.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то чанд моҳи пеш танҳо чизе бештар аз 600 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шуда буд. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъдан роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад