Вазири ҷанги саҳюнистҳо эътироф кард: Ғазза яке аз печидатарин ҷангҳост

 Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ эътироф кард амалиёти артиши Исроил дар Ғазза яке аз печидатарин амалиёт дар таърихи ҷангҳо маҳсуб мешавад.

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ эътироф кард амалиёти артиши Исроил дар Ғазза яке аз печидатарин амалиёт дар таърихи ҷангҳо маҳсуб мешавад.

Галант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар нутқе, ки шомгоҳи душанбе эрод кард, бидуни ишора ба ҷузъиёт муддаӣ шуд, ки бисёре аз манобеи ҳассоси иттилоотиро ба даст овардаанд ва бархе аз коргоҳҳои тавлиди силоҳ ва мушаки Ҳамос кашф шуданд.

Ӯ ҳамчунин бидуни ироаи ҳеҷ далеле иддао кард, ки дар таъқибу гурез бо Яҳё Синвор ҳастем ва Ӯ дигар фармондеҳии ҷангро ба ӯҳда надошта ва сирфан дар ҳоли хуруҷ аз як махфигоҳ ва рафтан ба махфигоҳи дигар аст, ба нуқтаҳое расидем, ки муддате пештар Синнвор дар ан ҳузур дошт, аммо ҳеҷ мадраке дар робита бо ин иддаои худ ироа накард.

Ба заъми вазири ҷанги режими саҳюнистӣ, Исроил намехоҳад иҷозаи шаклгирии шароитеро бидиҳад, ки дар чорчуби он Ҳамос дар Навори Ғазза муҷаддадан ҳоким бошад.

Галант дар бахши дигаре аз ин нутқи матбуотияш таҳдид кард, агар раванди сиёсӣ дар шимол шикаст бихӯрад, тардиде дар истифода аз қудрати низомӣ нахоҳем дошт.

Вай дар айни ҳол эътироф кард, баъд аз поёни ҷанг, Исроил ҳузури низомӣ дар Навори Ғазза надошта ва хабаре аз эҷоди шаҳрак дар ин минтақа нахоҳад буд.

Дар бораи Рафаҳ ҳам вай муддаӣ шуд, ки ҳамла ба Рафаҳ ҳам ҷузви барномаҳои артиши Исроил аст, аммо наметавонад бигӯяд чӣ замоне ва ба чӣ шакле ин таҳоҷум анҷом мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад