Ҳукумати Қазоқистон истеъфо дод

Дафтари президенти Қазоқистон рӯзи гузашта эълон кард, ки ҳайати ҳукуматӣ таҳти сарварии Алихон Исмоилов истеъфо додааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс нақл аз хабаргузории Алатолия, Дафтари раисиҷумҳури Қазоқистон рӯзи душанбе бо нашри як изҳорот хабар дод, ки ҳайати ҳукуматӣ таҳти раҳбарии Алихон Исмоилов истеъфо додааст.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки раисиҷумҳури ин кишвар Қосим Ҷомарт Тоқаев бар асоси моддаи 70-и Қонуни асосӣ тасмими истеъфои ҳукуматро имзо кардааст.

Роман Скляр, ки муовини аввали нахуствазир дар ҳукумати Қазоқистон буд, мақоми нахуствазири муваққатро бар уҳда гирифт.

Аъзоёни хукумати пештара то тасдик шудани хукумати нав вазифаи худро давом медиханд.

Исмоилов баъд аз ҳодисаҳои январи соли 2022 ба курсии худ расид ва пас аз интихоботи парлумонии 19 марти соли 2023 дубора сарвазир шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад