Имзои барномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон то соли 2025

Сарони ниҳодҳои дипломатики Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи абъоди мухталифи ҳамкорӣ байни ду кишвар табодули назар карда ва барномаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои марбутаро имзо карданд.

Сарони ниҳодҳои дипломатики Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи абъоди мухталифи ҳамкорӣ байни ду кишвар табодули назар карда ва барномаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои марбутаро имзо карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Ҷинбек Кулибоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон, ки бо сафари расмии 2-рӯза вориди Душанбе шуда, дидор кард.

Муҳриддин ва ҳамтои қирғизаш дар қолабҳои дуҷониба ва густурда масоили ҷории равобит байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба тафсил баррасӣ карда ва дар мавриди таомулоти ду кишвар дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули назар карданд.

Дар поён ин музокирот, ки дар фазои созанда баргузор шуд, барномаи ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои солҳои 2024-2025 ба имзо расид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад