Мусодираи беш аз 5 тонна маводи мухаддир дар соли 2023 дар Тоҷикистон

Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон мегӯяд, ки соли 2023 дар кишвар гардиши героин, гуруҳи бангдона ва ҳашиш зиёд шудааст.

Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон мегӯяд, ки соли 2023 дар кишвар гардиши героин, гуруҳи бангдона ва ҳашиш зиёд шудааст.

Ба гузориши манбаъ:

Дар Тоҷикистон муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар ба таври қобили мулоҳиза афзудааст.

Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовар, генерал-майор Самад Зафар дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба таъкиди ӯ, соли 2023 5 тоннаю 282 килою 814 грам маводи мухаддир мусодира шуд, ки нисбати ба соли 2022 ҳудуди 5,8% фоиз ва ё 291 килою 683 грам зиёд мебошад.

Он замон мақомот аз мусодираи 4 тоннаю 991 килою 176 грам аз ин модда хабар дода буданд.

Самад Зафар зикр намуд, ки дар дар ин давра мусодираи маводи нашъаовари героин 73,4% ва ё 178 кило зиёд, гуруҳи бангдона 16,8% ва 631 кило, ҳашиш 19,4% ва ё 696 зиёд шудааст.

Тавзеҳ дода шудаст, ки давоми соли 2023 ҳамагӣ 699 ҷинояти марбути маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 688 ҷиноят баробар буд.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон афзуд, ки дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби ниҳоди зертобеяш фаъолияти 41 гуруҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 77 нафар, ҳамчунин як гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ карда шуд.

Дар ин давра ҳамчунин 10 фарди дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта муаян ва дастгир шудааст.

Раҳбари Агентӣ ҳамзамон гуфт, ки дар ин давра бо мақомоти Русия ду амалиёти муштарак доир карда, аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмуъ 38,4 кило маводи нашъаоварро мусодира кардаанд.

Ҳамчунин дар хабарҳо омадааст:

Шумораи нашъамандони дар қайди расмибуда соли 2023 дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовар Зафар Самад зимни нишасти матбуотияш изҳор дошт.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 4160 нафар нашъаманд дар қайди расмӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар баробари ҳамин давраи соли 2022 221 нафар ё 5% коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи раиси Оҷонсӣ ҳолатҳои муътодӣ дар кишвар миёни занон низ ба мушоҳида мерасад, ки дар соли 2023 мутаасифона афзудааст.

Ӯ гуфт, агар дар соли 2022 дар ҷумҳури 101 зани нашъаманд буд, ин нишондод дар соли 2023 ба 107 расид.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 41,6 нашъаманд рост меояд, ки он назар ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хело поин мебошад.

Ба таъкиди ӯ, соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 5 тоннаю 282 килою 814 грам маводи мухаддир мусодира шуд, ки нисбати ба соли 2022 ҳудуди 5,8% фоиз ва ё 291 килою 683 грам зиёд мебошад.

Тавзеҳ дода шудаст, ки давоми соли 2023 ҳамагӣ 699 ҷинояти марбути маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 688 ҷиноят баробар буд.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон афзуд, ки дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби ниҳоди зертобеяш фаъолияти 41 гуруҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 77 нафар, ҳамчунин як гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ карда шуд.

Дар ин давра ҳамчунин 10 фарди дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта муаян ва дастгир шудааст.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад